Рушди барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 967
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ намояндаи Барномаи “Озуқаи ҷаҳонии СММ ва стротегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар ҶТ дар давраи то солҳои 2027”-ро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо баҳри беҳтар намудани иҷрои барнома ва таъмини ғизои мактабӣ табодули афкор намуданд.
Баҳри рушди ғизои мактабӣ ва татбиқи Барномаи умумиҷаҳонии Озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ бо Атҳам Мусаллам намояндаи барномаи мазкур мулоқот намуданд. Ҳадафи ин вохӯрӣ ин рушди ғизои мактаби, ки барои расонидани кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ равона шудааст, арзёбӣ шуд.
Тавре дар мулоқот зикр гардид, барномаи рушди ғизои мактабӣ барои муассисаҳои таълимии 24 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст, ки ба ин 767 муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо шомил мебошад.
Дар соли хониши 2021 – 2022 шумораи умумии баҳрабардорон дар вилоят 225 ҳазору 448 нафар хонандагони синфҳои аз 1 то 4-ро дар бар мегирад, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 25 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар вилоят 35 муассисаи пилотӣ ба қайд гирифта шудааст ва таъмиру тармим, бо таҷҳизоту дигар маводҳои лозимаи ошхона таъмин карда шудаанд. Дар давоми соли 2021, 40 фисади лавозимотиҳои ошхона, аз ҷумла зарфҳои хурокхӯрӣ ва чойнӯшӣ иваз гардидаанд.
Айни замон аз рӯи лоиҳа 41 микрогрантҳои хурд барои бунёди сохтмони гармхона, таъсиси боғҳои мевадиҳанда, заргушпарварӣ, мурғпарварӣ ба хотири ғанӣ гардонидани хӯроки мактаббачагон дар назди муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, дар ин баробар бунёди ин лоиҳаҳо аз ҷониби кумитаи падару модарон, ки дар назди муассисаҳои таълими фаъолият менамоянд, дастгирӣ карда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз 767 муассисоҳе, ки шомили Барномаи умумиҷаҳонии Озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, 469 муассиса дорои 278 гектар заминҳои ёрирасон буда, аз онҳо 158 гектарро заминҳои обӣ ва 120 гектарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад.
Ҷонибҳо баҳри ҳамкориҳои судманд ба тафоҳум расида, иқдоми мазкурро баҳри рушд бахшидан, ҷонибдорӣ карданд.
М.Ҳасанов