Ҷашнат муборак, “Хатлон”!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 625
Ҷашни 90-солагии яке аз Номаи табрикотӣ нашрияҳои бонуфузи кишвар- “Хатлон” ба ҷашни бузурги мамлакат - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, ки ин боиси ифтихору сарфарозии ноширони давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Рӯзномаи “Хатлон” тӯли 90 соли фаъолияти хеш борҳо номашро иваз карда бошад ҳам, вале ба анъанаҳои пешин содиқ монд. Пайваста ҳамқадами замон аст ва дар рушду инкишофи вилояти номдори Хатлон нақши муассир мегузорад. Кӯшиш ва талошҳои нашрия дар тамоми давраҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дар тарғибу ташвиқ ва татбиқи сиёсати Ҳукумат дар соҳаи фарҳанг ва маориф, баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти ҷомеа хуб эҳсос мегардад. Зеро дар идораи он публитсистону рӯзноманигорони варзида ҷамъ омада, ҷиҳати пурмуҳтавою ҷолиб ва хонданӣ таҳия ва чоп гардидани хабару мақолаҳо бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ заҳмат мекашанд, то хонанда аз он ғизои маънавӣ бигирад.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” дар солҳои соҳибистиқлолӣ низ рисолати хешро дар асоси талаботи замони муосир ва сиёсати давлати Ҳукумат иҷро намуда, дар инъикоси созандагию бунёдкориҳо ва ислоҳоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо диди наву усулҳои муосир муносибат дорад.
Аз ин ҷост, ки “Хатлон” рӯзномаи дӯстдошта гардида, хонандагонаш сол то сол афзуда, мавқеъ ва нуфузи он дар миёни аҳли зиёи вилоят ва саросари кишвар маҳбубияти хосро соҳиб шудааст.
Муваффақияти рӯзнома боз дар он аст, ки шурӯъ аз аввали соли 2021 дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро кушодааст.
Ҳамчунин, лавҳаю гузоришҳои видеоиро дар интернет ҷо карданд, ки ин ҳам як навгонӣ дар рӯзнома мебошад. Акнун хонандагон метавонанд маводҳоро гирифта мутолиа кунанд ва ҳам нашри видеоии онро тамошо намоянд. Ин иқдоми арзанда ва боиси дастгирист, албатта.
Ман тамоми қаламкашони дирӯзу имрӯз ва хонандагони рӯзномаи “Хатлон”-ро ба муносибати 90-солагии таъсисёбӣ ва нашри рӯзнома аз самими қалб табрик мегӯям. Ба шумо, аҳли заҳмати нашрия, комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ ва пирӯзӣ таманно дорам.
Ҷашни 90-солагӣ муборак, “Хатлон”!
Давлатзода Зулфия Давлат,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон