Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рӯзномаи “Хатлон” ҳомии манфиатҳои миллӣ ва дастгоҳи тавонои хабарист


Рӯзномаи “Хатлон” ҳомии манфиатҳои миллӣ ва дастгоҳи тавонои хабарист



Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати таҷлили ҷашни 90-солагии рӯзномаи "Хатлон"

Муҳтарам аҳли эҷод, собиқадорон ва муштариёни доимии нашрияи аввали вилоят - рӯзномаи «Хатлон»!

Дӯстони азиз!

90-умин солгарди рӯзномаи маҳбубу маъруфи вилоятро, ки манбаи асосӣ ва доимии паҳнкунандаи сиёсати давлату Ҳукумат, ҳадафҳои бунёдкоронаву ояндасози Пешвои миллат, минбари озоди розу ниёзи мардум, инъикосгари ҳаёти рӯзмарраи ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, бароятон муборакбод мегӯям.

«Хатлон» - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз аввалин васоити ахбори чопии ин минтақаи калонтарини кишвар буда, дар саҳифаҳои худ таърихи рангини ҳаёти Хатлонзамин, меҳнати шоистаи мардуми онро бозтоб намудааст. Дар зарфи 90 соли мавҷудият ин нашрия, ки вобаста ба талаботи давру замон номҳои “Сохтмони зарбдори Вахш”, “Ҳақиқати Кӯлоб”, “Пахтакори сурх”, “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, “Роҳи Ленинӣ”, “Навиди Вахш”, “Ҳақиқати Хатлон”-ро ба худ гирифта буд, ҷиҳати инъикоси пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, баёни мақсаду мароми давлату Ҳукумат, раванди ободонию созандагӣ, таҳкими дӯстию бародарии халқу миллатҳо, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии мардум нақши созгоре бозидааст. Дар ин муддат, ҳарчанд номҳои рӯзнома дигар шуд, вале рисолати азалӣ, мақсаду маром, ҳадафи асосии ҳайати эҷодии он: расонидани иттилооти сареҳу саривақтӣ, васф кардани сулҳу ваҳдат, дӯстию ягонагӣ, меҳнати садоқатмандона, ташаккули афкори созандаи омма, дифоъ аз арзишҳои миллию давлатдорӣ, баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносии мардум бетағйир монда, бо мактаби таҷрибаи эҷодии худ ҳамчун манбаи омодасозии кадрҳои соҳибихтисос шинохта гаштааст. Ба ибораи дигар, ин нашрия ҳамеша ҳамқадами замон, ҳамрози мардумон ва нигорандаи ҳаёти воқеии сокинони маҳал буду ҳаст.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: “Матбуот чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад”. Дар баробари ин, Президенти кишвар чунин вазифагузорӣ кардаанд: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд». Хурсандибахш аст, ки аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” дар масири фаъолияти бисёрсолаи худ ин рисолатро бо масъулияти баланд ва сарбаландона иҷро карда меоянд.

Тайи солҳои арзи ҳастӣ доштанаш ин рӯзномаи бонуфузро эҷодкорони шинохтаву соҳибкасб, малакаи хуби роҳбаридошта Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Сафо Ашӯров, Машариф Орзуев, Қувваталӣ Холов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муқим Абдураҳмонов, Шералӣ Яҳёев, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Нуриннисо Муртазоева, Асалмо Сафарзода сарварӣ намуда, имрӯз онро дастпарвари ҳамин нашрия, ҷавони дорои мактаби хоси роҳбарӣ ва таҷрибаи ба талаботи замони муосир тавъамдошта Носирҷон Маъмурзода бо диди наву маҳорати хуби идоракунӣ пеш мебарад.

Рӯзномаи “Хатлон”-ро таҳти роҳбарии шахсиятҳои шинохтаи олами маърифат манбаи кадрҳо номидан барҳақ аст. Аз ин даргоҳ журналистони болаёқат, суханвар ва соҳибмактаб, ки бо навиштаҳои худ дар баланд гардидани сатҳи маънавиёти мардум саҳм гузошта, камбудиву мушкилоти замонро рӯйи об бароварда, дар роҳи ҳаллашон андешаҳои ҷолиб баён намудаанд, бо қадамҳои устувор ба арсаи публистистика ва адабиёти тоҷик роҳ ёфтаанд. Қисмати дигар, ба олами сиёсату ҷомеашиносӣ ворид гардида, дар ин роҳ соҳибэҳтиром шудаанд. Мутаассифона, бисёр эҷодкорони рӯзнома, ки бо фаъолияти пурмаҳсул, сеҳри қаламу андешаҳои беғаразонаи худ накуном гардидаанд, имрӯз дар байни мо нестанд.

Шамъи хотираи кашшофони олами маънӣ, чун Аскаралӣ Набиев, Муқим Абдураҳмонов, Ашӯр Сафар, Тӯра Қобилов, Фотеҳ Ҳомидов, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Шарифамоҳи Кишвардухт, Акбар Муслимов, Абдулло Муродов, Файзалӣ Чориев, Владимир Стеченсев, Бобоҷон Абдувоҳидов, Пирумқул Сатторӣ, Раҳмат Ташрифзода, Аюбҷон Неъматов, Ғулом Соҳибов, Олимҷон Ёрасенов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳусейн Маликов, Бӯрӣ Султонов, Бӯрихон Амиров, Саид Барот, Солиҷон Комилов, Ҳасани Муродиён, Тоҳир Асомиддинов, Шоимназар Омонов, Табаралӣ Неъматов, Мурод Сотиев ҳамеша фурӯзон аст.

Ҳамчунин, бо сарфарозӣ метавон номи онҳоеро ба забон овард, ки баъди фаъолияти босамар, паси сар намудани машаққати роҳатфизои пешаи пурифтихори рӯзноманигорӣ, феълан давлати пирӣ меронанду дар ҳама маҳфилу ҷамъомад гули сари сабаданд. Устодони сухан Насриддин Мирзоев, Саидалӣ Бобохонов, Ҳақназар Ғоиб, Бахтиёр Муртазоев, Мирзо Гадо, Саломиддин Мирзораҳматов, Шералӣ Яҳёев, Нуриннисо Муртазоева, Туҳфа Аҳмадова, Муҳаббат Мирзораҳимова, Шамсиддин Муҳаммадиев, Аъзам Мӯсоев, Наталия Ниязова, Ҳуриннисо Ализода, Аъзам Мӯсоев, Карим Давлатов, Давлат Султонов ва чанде дигарон аз ин қабиланд.

Дар ин росто меҳнати онҳоеро низ ёдовар шудан ҷоиз аст, ки то имрӯз ҳаёти худро бо кори рӯзнома пайванд медонанд. Саттор Қарахонов, Наҷот Сафарзода, Ғайбулло Ҳалимов, Боймурод Сайдалиев, Исматулло Ҳасанов бо собиқаи зиёду таҷрибаи бойи андӯхтаашон маслиҳатгари ҷавононанд. Хушбахтона, журналистони сермаҳсул ва сеҳри қалами худродошта, ки аксар ҷавонони даврони соҳибистиқлолианд, имрӯз ҳам ин рисолати ҳақиқатнигории собиқадорони рӯзномаро давом дода меоянд. Пешрафти кори имрӯзаи рӯзномаро метавон, асосан ба номи ҷавонони боистеъдоду бар ақидаи худ устувор, амсоли Ҳангомаи Исмат, Комрони Бахтиёр, Фаромӯз Бобоев, Суҳроб Азизов, Суннатуллоҳи Мирзо, Далер Ибодуллозода тавъам донист.

Имсол мардуми шарифи ҷумҳурӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро ҷашн гирифтанд. Ин санаи мубораку хуҷаста барои мардуми мо муқаддас аст, чунки шаҳди озодиву истиқлол, фазои сулҳу ваҳдат, роҳи кушод сӯйи давлатҳои дуру наздик, пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, бунёдкориву ободонӣ, зиндагии шоиста дар ҳамин айём насиб гардидааст. Ин боиси ифтихор аст, чунки ин рӯйдоди таърихӣ ба дигаргуниҳои нашрияи вилоятӣ низ, ҳам аз лиҳози мазмуну мундариҷа, ҳам аз ҷиҳати таъминоти кадриву техникӣ, бетаъсир намондааст.

Аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ба истиқболи ин ҷашни фархунда матолиби зиёде аз раванди татбиқи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру навоҳии он, ободкориву созандагиҳо, ҳаёти рӯзмарраи меҳнаткашон, соҳибкорону саховатмандон омода ва ба чоп расониданд, ки бисёр мондагор аст.

Матбуот имрӯз қодир аст, ки ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо созад. Ин маънӣ дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл баён шудааст: “Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ андоза бузург аст. Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.

Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд”.

Хизмати содиқона ба халқу Ватан рисолати касбӣ ва ҳадафи аслии ҳар рӯзноманигор аст. Онҳо бо навиштаҳои худ дар татбиқи сиёсати фарҳангии давлат, қонунҳои миллӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, раҳоӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, инъикоси фаъолияти самарабахши меҳнаткашон, навоварии олимон, дастоварди парчамбардорони варзиш, вусъати амалҳои неки соҳибкорон ва ғайра мусоидат менамоянд.

Эътимоди комил дорам, ки кормандони эҷодии рӯзномаи «Хатлон» аз ин ба баъд низ ба арзишҳои баланди ҳақиқатнигорӣ  содиқ монда, бо масъулияти баланд дар муаррифӣ ва татбиқи сиёсати ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои стратегиву миллии давлату Ҳукумат, рушду музаффариятҳои Ватан дар даврони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ҳамдилии миллату халқиятҳо, баланд бардоштани маърифат ва бозтоби ҳаёти воқеии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз собитқадам хоҳанд монд.

Тамоми кормандони эҷодию техникӣ, собиқадорону ҳаводорони ин рӯзномаи дӯстдоштаниро бо 90-умин солгарди таъсисёбиаш сидқан табрику таҳният гуфта, ба якояки шумо сарсабзиву шукуфоӣ, комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ, тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори пурфайзу босаодат ва бахту иқболи некро таманно менамоям.

Солгарди фархунда ба алоқамандони рӯзнома муборак бошад!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода