Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » ...ИШҚ ИН ПОКИЗАГИСТ


...ИШҚ ИН ПОКИЗАГИСТ



Салому дуруд арз менамоям ба кормандону таҳиягарони рӯзномаи “Хатлон”! Ростӣ, ҳар як шумораи ин рӯзномаро бодиққат мутолиа менамояму аз баъзе мақолаҳояш хулосаҳои амиқ мебарорам ва аз диди худам ба мазмуни онҳо баҳо медиҳам.

Дар шумораи 25-уми рӯзнома (аз 18.04.2025) андешаҳои чанд тан ҷавононро перомуни оилаю оиладорӣ ва интихоби ҳамсари оянда хондаму ба хулосае омадам, ки ман ҳам қалам ба даст гираму оид ба ин масъалаи доғи рӯз андешаҳои худро иброз намоям. Дуруст аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо умеду орзу тӯйи хонадорӣ барпо мекунанд, ёру дӯстон, хешу пайвандон ва наздикон ба онҳо дуову фотиҳаи нек медиҳанду дар ҳаёти оиладориашон бурдбориҳо таманно менамоянд. Мутаассифона, баъди чанде мебинӣ, ки ин оилаи ҷавон ба ҷудоию вайронӣ омада мерасад. Имрӯз дар ҷомеаи мо сафи чунин оилаҳои ноком зиёд ба назар мерасад.

Тавре аз рӯзнома хондам, ҷавонони мо доир ба интихоби ҳамсари оянда ва бунёди оилаи солиму устувор андешаҳои нек ва дурандешона доранд.

Дарвоқеъ, имрӯз ҷавонони мо хеле пеш рафтаанд ва доир ба масоили гуногуни зиндагӣ андешаҳои солим доранд. Ин аҷиб аст, ки дилдодагон баъзан якдигарро мешиносанд, меомӯзанд ва бо рози-гии тарафайн издивоҷ менамоянд. Аммо бо мурури вақт дар байни онҳо ҳисси нофаҳмию бадандешӣ пайдо мешавад ва ин каҷфаҳмиҳо ба ҷудошавӣ оварда мерасонад. Фикр мекунам ва чуноне худи ҷавонон низ ибрози назар намудаанд, мушкилӣ дар он аст, ки дилдодагон дар интихоб хато менамоянд. Аз ин рӯ, дар лаҳзаҳои каме мушкилӣ сабр карда наметавонанд. Ба андешаи шоир, онҳо намедонанд, ки:
Зиндагӣ маҷмуаи бешу камист,
Ҳар шабе дар осмон маҳтоб нест.

Дар Коллеҷи тиббии ДДТХ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз фанни этика ва эстетика ба донишҷӯён дарс медиҳам. Дирӯз ҳангоми гузаштани мавзӯи “Ишқи инсон-сабаби ҳастӣ” маҳз ҳамин андешаҳои ҷавононро аз рӯзнома мавриди таҳлил қарор додам. Мисоли аёнии ман боз ҳамон онишҷӯдухтаронеанд, ки дар зиндагӣ пешпо хӯрда, бо як-ду фарзанди худ аз шавҳар ҷудо шудаанд.

Ва, инак, зиндагӣ онҳоро маҷбур намуда, ки хонанд, соҳиби маълумот ва касб гардида, фарзандонро хӯронанду пӯшонанд.
Мутаассифона, дар муассисаи мо чунин духтарони бадбахт ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, шогирдони азизро, махсусан духтаронро, мефаҳмонам, ки баҳри ҳаёти оиладорӣ шитоб накунанд. Аввал бихонанд, соҳиби касб ё ҳунаре шаванд, то дар ҳаёти оянда муҳтоҷу дастнигари шавҳар ё каси дигар нагарданд. Падарвор насиҳаташон мекунам, ки дар қалби худ ишқи поку самимӣ ва беолоишро ҷой намоянд. Ба андешаи шоири бузург Файзулло Ансорӣ:
Дар забони миллати ман ишқ ин покизагист,
Ҳар кӣ ин маънӣ надонад, одамипокиза нест.

Хулоса, оид ба ин масъала гуфтаниҳо хеле зиёданд. Саволҳо паси ҳам меоянд: Чаро чунин мешавад? Чаро? Чаро?... ва боз чароҳои дигар. Бошад, ки падару модарон ҳам ба тақдири ояндаи фарзандон бетарафӣ ва сабукфикрӣ зоҳир нанамоянд. Зеро аксари фарзандон дар интихоби ҳамсар риштаи тақдирро бар дасти волидайн месупоранд ва бошад, ки ин интихоб ба хушбахтии ояндаи онҳо мусоидат намояд.

Насрулло ШАРИФОВ,
мудири кафедраи фанҳоигуманитарии Коллеҷи тиббии ДДТХ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода