Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Дар як гӯшаи сабзи деҳаи “Терай”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, гармхонае ҷойгир аст, ки дар назари аввал шояд барои ҳар роҳгузар як манзараи одӣ намояд. Аммо он чи дар дохили он мегузарад, як ҳикояи воқеии меҳнат, ирода ва меҳри беандоза ба замин аст. Ин ҷо макони заҳмати беинтиҳои Мирзоалӣ Ҳакимов аст, ки бо дастгирии аҳли хонаводааш, дар масоҳати ҳамагӣ 0,01 гектар гармхонаи намунавӣ бунёд намудааст.
Мирзоалӣ Ҳакимов, марде аз зодагон ва мушфиқони замин, мегӯяд, ки солҳо орзуи сохтани як гармхонаро дар дил мепарварид. Баъди омӯхтани таҷриба аз мутахассисон зимистон заминро омода сохт ва моҳи феврал ниҳолчаҳои помидорро аз шаҳри Бохтар оварда, бо тартиби муайян шинонд. Дар давоми ду моҳи аввал, назорат аз болои ҳарорат ва рушду инкишофи ниҳолакон шабонарӯзӣ идома ёфт. Дар ин раванд, ҳамсару фарзандонаш низ кумакрасон буданд. Ӯ бо эҳсоси баланди инсонӣ тухмии сабзавотро барои ҳамсоягон ва эҳтиёҷмандон ройгон тақсим намуда, як паёми саховатмандӣ аз худ ба ҷомеа дод.
Имрӯз, вақте ки мардум дар дигар гӯшаҳои ноҳия ҳанӯз ба кӯчати сабзавот машғуланд, дар гармхонаи Ҳакимов ниҳоли помидор аллакай ба ҳосил даро-мадааст. Ӯ тахмин мекунад, ки аз ҳосили аввалинаш 1–2 тонна маҳсулот хоҳад гирифт. Хушҳол аз заҳмати ба самар расидааш, ӯ ният дорад, ки дар моҳи август дубора помидор шинонад ва тирамоҳ ҳосили дуюмро ба даст
орад.
Мирзоалӣ мегӯяд, ки заҳмат ба ӯ руҳу илҳом мебахшад. Аз хурдӣ ба обчакорӣ ва боғдорӣ шавқу рағбат дошт, зеро волидони ӯ низ кишоварзони асил буданд. Хонаводаашон ҳаргиз маҳсулоти сабзавотиро аз бозор харидорӣ намекард, он аз ранҷи дасти худӣ буд.
Бо ташаббуси ӯ ва талошҳои пайваста, гармхона ба манбаи даромад табдил ёфтааст. Гармхона, ки бо усули сода, вале са-маранок идора мешавад, нишон медиҳад, ки ҳатто бо замини кам ҳам метавон ҳосили фаровон ва босифат ба даст овард. Муҳити гармхона имкон медиҳад, ки ҳарорати дохилӣ ва намнокӣ зери назорат бошад, ки ин ба нашъунамои хуби помидор мусоидат мекунад. Илова бар ин, истифодаи чунин шароити муназзам кумак мекунад, ки истифодаи маводи кимиёвӣ коҳиш ёбад ва маҳсулот аз ҷиҳати сифат солимтар бошад.
Ҳамин гуна иқдомҳо метавонанд дар пешбурди худкифоии озуқаворӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ саҳми бузург дошта бошанд. Бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бисёре аз хонаводаҳо мета-вонанд на танҳо эҳтиёҷоти худро таъмин намоянд, балки барзиёди онро ба бозор бароранд. Ташкили гармхона дар ҳар як хонадон метавонад ба як ҳаракати умумии созандагӣ мубаддал гардад.
Мирзоалӣ Ҳакимов мисли як деҳқони боғайрат ба дигарон тавсия медиҳад, дар замини наздиҳавлигии худ гармхонаҳои хурд сохта, ақаллан чанд қатор помидору қаланфур парвариш кунанд. Ба гуфтаи ӯ, «маҳсули меҳнат маззаи дигар дорад» ва ин мазза на танҳо дар таъми маҳсулот, балки дар ифтихори он эҳсос мешавад.
Ин намунаи ибратомӯзи заҳмат ва созандагӣ дар деҳаи Терай шукри замони истиқлол, сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои суботи кишвар аст. Маҳз ҳамин муҳит имкон фароҳам овард, ки мардум дубора ба замин ва кишоварзӣ рӯ оваранд.
Имрӯз, сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо истифода аз заминҳои наздиҳавлигӣ, боғчаҳои зебо ва ҳосилдеҳ бунёд кардаанд. Ин як гоми дигар ба сӯи худкифоии озуқаворӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Сафари мо ба гармхонаи Мирзоалӣ Ҳакимов танҳо як боздид набуд, он дарси воқеии меҳнат, муҳаббат ба замин ва масъулияти шаҳрвандӣ буд.
Агар ҳар як шаҳрванди кишвар бо чунин руҳия ва дурби-нона ба замини худ муносибат кунад, бешак, Тоҷикистони мо ба як гулгашти сарсабзу серҳосил табдил меёбад, ки ҳар қатраи заҳмат дар он ба самар хоҳад расид.
Алишери Абдулмаҷид,
"Хатлон"
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.