Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Афкори бебунёд ботил мешавад


Афкори бебунёд ботил мешавад


Вақте ки барои мо масъалаи тинҷию осудагии зиндагӣ муҳим аст, андешаи онҳое, ки баръакси онро доранд, чун тарошае аз бом номувофиқу ғайриинтизор менамояд. Гуфтугузоре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд рӯзе чарх мезанад, ҳеҷ касро бетараф намегузорад. Зеро гап сари муносибат меравад, ки мо чӣ тавр зиндагӣ кардан мехоҳем.

Мо эътироф мекунем, ки гуногунандешӣ бояд бошад. Аммо он бояд воқеъгароёна, беғаразу боинсофона бошад. Шояд ба ном мавлавиҳои тангназару иғвоангез дар Афғонистон барои “баҳси бебунёди иттилоотӣ” нисбати тасмимҳои Тоҷикистон худро муаррифӣ карданӣ бошанд. Шояд “ҳукм”-ҳояшон дар кишвари худашон қурбе надорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ чун майдони иттилоотӣ росту дурӯғ, фитнаву тарғиб истифода шуда, «даъват ба ҷиҳод»-и онҳо низ мисли кори душмани пасипардаро мемонад. Наход дар Афғонистон мушкилоти эътиқоду имондорӣ, риояи фаризаҳои динӣ дар ҷомеа пурра ҳал шуда бошад? Ба тарафи ҳамсоякишвар санг задан, асли воқеаро надониста қазовату вазъ гуфтан магар ғайбат нест? Мегӯянд, ки дар дини ислом ният аз ҳама муҳим аст. Нияти муллоҳои фитнаангез чӣ амалеро ба бор меоварад? Кас ба даъвати ин қабил тундгароён, ки бо истифода аз яроқу зӯроварӣ қадри инсонро паст мезананд, ҳайрон намешавад. Зеро вазъияти Афғонистоне, ки қариб 50 сол боз ноорому муташанниҷ асту бо кашмакашиҳои миллатгароиву қабилавӣ андешаи одамонро ба нобоварию гумроҳӣ бурдааст, табиист, ки чунин бошад.

Онҳо як ҳақиқатро ба инобат нагирифтаанд. Тоҷикон дигар ба дасисаҳои душманони миллат бовар надоранд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабақи талхе дод. Дар ҳамон давра мардуми фирорӣ чаро боз ба Ватан баргаштанро боисрор талаб карданд? Чаро нахостанд дар Афғонистон бимонанд? Аз як тараф меҳри Ватан бошад, аз тарафи дигар муносибат ба дину шариат тафовут дошт.

Дар суҳбатҳо бо собиқ гурезагон фаҳмида будам, ки коҳиши ахлоқ, хусусан ҷавонмардон, муносибат ба ҳаққу ҳуқуқи занону кӯдакон нигаронкунанда будааст. Сангсор кардани зан, зери сатру ҳиҷоби маҷбурӣ аз таҳсилу кор дур кардани занон чӣ натиҷаҳо дод? Аз кишвар ба ҳар гӯшаи олам пароканда шудани мардум монду халос.

Давои дарди худро наёфта, табиби дигарон будан маъное надорад.

Мо - занони тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибихтиёру демократӣ ва ҳукуқбунёду дунявӣ ҳастем. Мо - тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд. Ҳувияти миллии мо бо анъанаҳои аҷдодиамон, расму оин ва либоси тоҷикиамон устувору пойдор аст. Ба маслиҳату фатвои муллоҳои кишвари дигар ниёз надорем. Ба фарҳанги дигарон гаравидани бархе аз занон шояд аз худнамоиву надонистани асли хеш маншаъ гирад. Ба озодиву баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳое, ки зани тоҷик дорад, бисёриҳо ҳавас мекунанд. Занону духтарон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнат мекунанд. Барои таҳсили дунявию динии онҳо мактабҳои олӣ ҳастанду иҷрои фаризаҳои диниро касе манъ накардааст. Аз нисф зиёди ҳоҷиён бонувон ҳастанд. Саъдии Шерозӣ бамаврид гуфтааст:
Маънӣ ба сират аст, на ба сурат, агар саҷда гузорӣ,
Он саҷда бар Худост, на бар хонаи ӯст.

Дар Тоҷикистон барои ҳар як оила туҳфа шудани китоби муқаддаси Қуръони карим аз ҷониби Пешвои миллат барои маърифати динии сокинони кишвар буда, ба шинохти асли ислом, рукнҳои он водор мекунад. Чи гунае ки Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Ислом нафақат савту салот аст,
Илм асту низом асту ҳаёт аст.

Ақли солим раҳоӣ аз ғафлат буда, афкори бепояро ботил мекунад.

Д. Маҳкамзода

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода