Cуду зиёни интернет
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 280
Имрӯз инсон барои таъмини ниёзи худ ба иттилоот аз захираҳои дигар низ истифода мебарад. Ин шабакаи ҷаҳонӣ дар худ захираҳои ғании илму иттилоъро ҷамъоварӣ намуда, пешниҳоди истифодабарандагон мегардонад. Аммо ба мо маълум аст, ки на ҳар кас аз интернет дуруст истифода мекунад ва манфиат бардошта метавонад.
Истифодабарандагони фаъоли шабакаи интернет бештар ҷавонон мебошанд. Дар хона, дар кор, дар кӯчаву роҳравҳо ва ҳатто дар раванди таълим низ онҳо аз ин шабакаи ҷаҳонӣ васеъ истифода мебаранд.
Мутаассифона, истифодаи нодуруст ҷавононро ба гумроҳиву танбалӣ мебарад. Зеро онҳо вақти бештари худро ба тамошои ҳар гуна видеову матлабҳои нолозим сарф намуда, ба таълим ва омӯзиши соҳаи худ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ҳатто дарк намекунанд, ки агар интернетро дуруст истифода баранд, бисёр чизҳои хуби ба касбу соҳа алоқамандро дарёфт карда, омӯхтан мумкин аст. Аз ҳама хатарнокаш он аст, ки қисме аз ҷавонон маҳз бо сабаби истифодаи беандешонаи интернет ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудаанд. Метавон гуфт, ки интернет барои онҳо танҳо василаи вақтхушиву вақтгузаронист.
Яке аз сабабҳои косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон аст, ки аз он тамошои видеоҳои бемазмун пайравӣ намуда, суханҳои қабеҳ, рафтори ношоистаро аз худ намуда, такрору тақлид мекунанд, ки ин насли калонсолро ба ташвиш овардааст. Гуфтугӯҳои беҳуда, мулоҳизаҳои интернетӣ, барои насли наврасу ҷавонон рӯз то рӯз ба як кори одиву маъмулӣ табдил ёфта истодааст.
Тавре дар боло ишора рафт, интернет имкониятҳои зиёди пахши иттилоъро дорад. Мо метавонем тавассути он фарҳанги миллии хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Афсӯс, ки имрӯз интернет, баръакс, фарҳанги моро нобуд карда истодааст. Ҷавонписарону ҷавондухтарон бо тамошои он пайравӣ ба фарҳанги ғайр карда, фарҳангу ҳувияти миллии хешро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки айни замон мо интернетро на баҳри суд, балки бар зиёни худу атрофиён истифода карда истодаем.
Имрӯз интернет яке аз пурқувваттарин тарғибкунандаи фарҳанги бегона барои кишварҳо гаштааст.
Биёед, аз шабакаи ҷаҳонии интернет ба суди хеш истифода намоем. Сарчашмаҳои илмиро омӯзем. Аз таърихи кишварҳои ҷаҳон огоҳ шавем. Нагузорем, ки дар интернет аз ақлу ҳуши мо истифода баранду ба гумроҳӣ баранд, ё ба ягон амали ношоиста даст занем. Мо интернетро ба чи мақсад ва чӣ тавр истифода мебарем, аз фаҳмишу фарҳанги мо вобаста аст.
Дилноза Шодизода,
коромӯзи рӯзномаи «Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...