Дар як сатр
» » Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

7-03-2016, 11:49

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бахшида ба Рӯзи модар

Бонувони меҳрубону арҷманд!

Модар дар тамаддуни куҳан ва имрӯзи мо мақом ва нақши ниҳоят арзишманд дорад. Меҳру муҳаббати модар ба фарзандон, танзими зиндагӣ, идоракунии оила ва фазои орому осударо таъмин месозад ва тоҷи шараф низ аз дуои модарон аст.

Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад».

Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи тобонест, ки бо нерумандии худ роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.

Бузургӣ, зебоӣ, далериву шуҷоатмандӣ, озодихоҳиву адолатпарварӣ ва ҳунармандиву кадбонугии зан - модар дар асарҳои адибони дирӯзу имрӯз хеле олӣ васф гардида, симои аслии занро инъикос намудаанд.

Шинохти ҷойгоҳ ва ҳуқуқи зан дар таълимоти дини ислом мақоми хос дорад ва наҷобату шарофат, инчунин баробарии фитрии занону мардон дар он таъкид шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши зан дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои замонавӣ ва, умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.

Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Бинобар ин, худи модарон бояд соҳиб-маърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хубӣ эҳсос гардад.

Таълиму тарбияи фарзандон, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси падару модарон ва баъдан мактабу ҷомеа буда, бо дарназардошти мушкилоту масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта, аз ҷумла мустаҳкам намудани робитаи оила бо мактаб баъд аз муҳокимаи васеъ бо аҳли ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд, ки ҳадафи асосӣ аз ин ба воя расонидани насли солиму тарбиядида ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат мебошад.

Имрӯз мавқеи занони тоҷик дар тамоми самтҳои давлатию ҷамъиятӣ мусбӣ арзёбӣ гардида, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию фарҳангии кишвар боиси комёбӣ ва муваффақиятҳои давлатдориамон мебошад.

Итминони комил дорам, ки шумо - модарони азиз ва хоҳарони меҳрубон, ки оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии давлат ва миллати тоҷик мебошед ва сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамоед, дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда хоҳед гузошт.

Бо меҳру муҳаббати бепоён ва бо ин гуфтаҳо ба ҳамаи шумо санаи фархундаи Рӯзи модар ва иди баҳору зебоиро, ки бо фарорасиаш ба табиат ҳусну ҷилои тоза мебахшад, табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва саодати рузгорро таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!
Рӯзи модар муборак!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили Рӯзи модар дар Хатлон

Таҷлили Рӯзи модар дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Зани бомаърифат - оилаи солим

Зани бомаърифат - оилаи солим

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Сиёсат
Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА