Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фаъолияти 9-моҳаи соҳаҳои шаҳри Кӯлоб натиҷагирӣ гардид


Фаъолияти 9-моҳаи соҳаҳои шаҳри Кӯлоб натиҷагирӣ гардид


 

Санаи 12-уми октябри соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Сулаймонзода Акрам ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар 9 моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2021 баргузор гардид.


Дар маҷлис муовини якум, муовинони раис, роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳр ва васоити ахбори омма ширкат доштанд. Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ҷаласаро оғоз намуда, суханро ба муовини раиси шаҳр Ҳамидиён Орзу Зубайдулло натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо дар 9 моҳи соли 2021 дод.

Мавсуф дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои тамоми соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дод. Дар идомаи ҷаласа дигар масъулини соҳа аз натиҷаҳои кории худ дар соли 2021 баромад намуданд. Дар ин росто, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф аз рӯйи ҳисоботи муовини соҳавии раиси шаҳр натиҷагирӣ намуда, оид ба масъалаи иҷроиши андоз, истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, тандурӯстӣ, маориф, даъвати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо шахсони масъулро соҳа ба саҳа пурсида, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамзамон, муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Сулаймонзода Акрам баромад намуда, ҷиҳати рушду пешрафти кор дастуру тавсияҳои муфид доданд. Дар охир, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф ва муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам инчунин дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу, ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб изҳори миннатдории худро расониданд. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода