Дар як сатр
» » Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

18-02-2016, 11:57

Чанд рӯз қабл тақрибан, соати 01:30-и шаб, аз ҷониби Гурӯҳи фаврии қӯшунҳои сарҳадӣ ва РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и сарҳади Тоҷикистону Афғонистон байни гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон, ки иборат аз 6-7 нафар буданд, дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ,қочоқчиёни афғон ба муқовимати қатъӣ ва чусту чолоконаи сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, аз тариқи қамишзор ба самти Афғонистон баргаштанд.Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса зиёда аз 55 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 2 кг афюн ва зиёда аз 1 кг героин дарёфт ва мусодира шуд.

"Хатлон"


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Асирон раҳо гардиданд

Асирон раҳо гардиданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шӯрообод. 8 афғон аз озодӣ маҳрум шуданд

Шӯрообод. 8 афғон аз озодӣ маҳрум шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Панҷи поён

Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Панҷи поён

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА