Дар як сатр
» » Баррасии нақши занон дар рушди илм

Баррасии нақши занон дар рушди илм

16-02-2016, 12:00

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, аз набудани докторони илм аз ҳисоби занҳо дар вилоят изҳори нигаронӣ кард. Ӯ ин нуктаро12-уми феврал дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, дар ҷамъомади илмии занон, ки бахшида ба «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» доир гардид, баён намуд.

Муовини раиси вилоят, ҳамчунин дар ин конференсияи илмӣ-амалии «Нақши занон дар рушди илм» зикр намуд, ки аз байни занону духтарон гирандагони стипендияҳои фахрӣ, идрорпулии раиси вилояти Хатлон барои донишҷӯ-духтарон ва занони унвони илмидошта, хеле кам мебошанд.
Баррасии нақши занон дар рушди илм

- Неруи зеҳнии зан ҳамеша барои рушди ҷомеа хизмат мекунад. Дар 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон занон низ чун омӯзгору муҳаққиқ фаъолият доранд. Аз 778 нафар номзадҳои илм, дотсентон ва профессорони мактабҳои олии вилоят 178 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Мо бояд бо ин нишондод қаноатманд нашуда, саҳми занонро дар рушди илм беҳтар намоем. Ба таҳсили духтарон аз зинаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз карда то бакалавру магистратура, аспирантура ва докторантура диққат дода, теъдоди бонувони муҳаққиқро зиёд намоем. Чунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша нисбати донишомӯзии духтарону занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои онҳо квотаи президентию идрорпулиҳо ҷудо кардааст, - идома дод, М. Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ ва доктори илмҳои фалсафа.

Дар конфронс М. Шодиев, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, иттилоъ дод, ки 40 дарсади ҳайати устодони донишгоҳро занон ташкил медиҳанд. «Агар то замони истиқлол дар Донишгоҳи Қӯрғонтеппа ҳамагӣ 2 нафар зан дараҷаи илмӣ доштанд, имрӯз шумораи онҳо ба 23 нафар расидааст. Танҳо дар соли 2015 аз ҳисоби бонувон 5 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд”.

Санавбар Самизода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, зимни баромадаш баён намуд, ки занон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, метавонанд бо иқдоми неки худ дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Беҳуда нест, ки аксарияти омӯзгорони мактабу донишгоҳҳоро занон ташкил мекунанд. Ҳоло теъдоди занони роҳбар дар вилоят афзудааст. Занони олим барои тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ саҳми босазо гузошта метавонанд.

Амонҷон МАҲКАМОВ,
“Хатлон”






Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Таҷлили Рӯзи модар дар Хатлон

Таҷлили Рӯзи модар дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Махфират Хидирзода муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд

Махфират Хидирзода муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Конфронси бахшида ба Соли оила

Конфронси бахшида ба Соли оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА