Дар як сатр
» » «Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

3-02-2016, 09:29


Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили 23-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 январ дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Фестивал-озмуни вилоятии гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» байни сарбозону афсарони қисмҳои низомии тобеи вилоят, донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона


Мақсад аз баргузории фестивали болозикр баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон ва ба ин васила сиёсати давлатро вобаста ба масъалаҳои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал татбиқ намудан мебошад. Зеро сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чи андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихлосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Дар баргузории фестивали мазкур муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Шоҳзод Раҳимов баромад намуда, иброз намуд: «Шумо - ҷавонон бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоед, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардед, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳед. Зеро мардуми кишвар дар симои шумо Ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сулҳу субот, пуштибони боэътимоди адолату ростӣ ва амнияти ҷомеаро мебинанд».

Дар фестивал-озмуни сурудҳои ҳарбӣ-ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» сарбозону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок ва хунарнамоӣ намуда, дар васфи Ватан, модар, истиқлолият, ваҳдат, сулҳ ва дӯстӣ сурудҳо замзама карданд.

Дар охир иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Беҳрӯз БОБОЕВ,
сармутахассиси Раёсати ҷавонон,
варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Конфронси илмӣ дар ДДД

Конфронси илмӣ дар ДДД

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА