Дар як сатр
» » Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

2-02-2016, 09:41


Аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар соли 2015 беш аз 5200 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, афроди муттаҳам ба андозаи умумии 1 миллиону 96,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хуршед Бобоев, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотиаш ин хабарро тасдиқ намуд ва гуфт, ки аз ҳисоби ҷаримаҳои таъиншуда ба буҷаи маҳаллӣ қариб 845 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.

Раиси кумитаи мазкур ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз 93 дарсади хоҷагиҳои деҳқонии вилоят соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошанд. Шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 63 ҳазору 55 адад ҳисоб шудааст.

Аз тарафи мутахассисони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ченаки назоратии кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд ва дар натиҷаи он маълум гардид, ки 5047 гектар замини корами обӣ ва 1157,8 гектар замини корами лалмӣ бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо, дар натиҷаи селоб зер кардан, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ, аз нав таъмир ва таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда, набудани об барои обёрӣ, корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ аз гардиши кишоварзӣ берун (холӣ) мондаанд. Ба гуфтаи Х. Бобоев, ҳаҷми зараре, ки дар натиҷаи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам расидааст, 629 ҳазору 352 сомонӣ ҳисоб шудааст.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Обёрии заминҳои боир ва афзоиши қарзи истифодаи об

Обёрии заминҳои боир ва афзоиши қарзи истифодаи об

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА