Дар як сатр
» » Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

15-01-2016, 14:21

Дар соли сипаришуда Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба он муваффақ гардид, ки сохторҳои иттифоқҳои касаба мустаҳкам карда шуда, сафи аъзои худро афзоиш дод ва фаъолияти ҳамаи сохторҳои иттифоқҳои касаба сифатан беҳтар ба роҳ монда шуд. Ин нукта, ахиран, дар нишасти матбуотии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят зикр гардид.
Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Иброҳим Азизов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва нозирони ҳуқуқи кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавии вилоят 98 - адад аризаи муроҷиаткунандагон мавриди санҷиш қарор гирифт, ки 10 - тои он хаттӣ буд. «Аризаи он нафароне, ки бесабаб аз кор пеш карда шуда буданд, мо мавриди санҷиш қарор дода, ба ҷойи корашон баргардонидем. Ҳамчунин дар давоми соли 2015 бо ташаббуси нозирони меҳнати иттифоқҳои касабаи вилоят дар корхонаву хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳо, назорату санҷишҳо оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи меҳнат» 419 санҷишу омӯзишҳо гузаронида 846 - қоидаҳои вайрон намудани қонунҳоро ошкор кардем», - қайд намуд И. Азизов.

- Бояд гуфт, ки нисбати 179 - роҳбарони корхонаву муассисаҳо амрнома дода шуда, аз он 794 ҳодисаҳои вайрон намудани ҳифзи меҳнат ва муҳити атроф бартараф карда шуд. Боқимонда, 126 адади он зери назорати ҳифзи меҳнат қарор дорад.

Низомиддин ИСОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Ғамхори аҳли заҳмат

Ғамхори аҳли заҳмат

Маориф ва илм, НАҶОТ САФАРЗОДА
14 рӯзи ғайрикорӣ дар моҳи март

14 рӯзи ғайрикорӣ дар моҳи март

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба кадом раҳбари мақомоти Хатлон савол доред?

Ба кадом раҳбари мақомоти Хатлон савол доред?

Хабарҳо