Дар як сатр
» » «Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

9-01-2016, 09:32

Дар нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон, ки 8 январ сурат гирифт, беш аз 20 хабарнигор аз расонаҳои хабарии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд. Тӯли 1,5 соат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қариб ба 15 саволи журналистон посух дод. Саволи хабарнигорон ба масъалаҳои рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти марзҳои давлатӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон, баҳсҳо атрофи масоили ҳиссаҷудокунии маблағ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва идомаи бунёди беморхонаи қалб дар маркази шаҳр, аз дотатсияи давлатӣ баромадани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг дар соли 2016 марбут буд.
«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

«Нораку Ховалинг худкифо шуданд»

Нахуст, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷамъи хабарнигорон мужда дод, ки сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, иҷрои нақшаи андозҳо дар соли 2015-ум 105,4 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 745 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2014-ум 97 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Хабари фараҳафзои дигар ин аст, ки дар соли 2016 шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг аз субвенсия бароварда шуданд, яъне худкифо гардиданд, - афзуд Д. Гулмаҳмадзода. – Ҳамакнун 6 шаҳру ноҳияи вилоят – Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ёвон, Данғара ва Нораку Ховалинг аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ хароҷоташонро пӯшиш медиҳанд, ки ба чунин натиҷаи чашмрас ноил шудан кори осон нест. Орзуи камина, ҳамчун раиси вилоят, ин аст, ки бо беҳтар шудан вазъи иқтисодии шаҳру навоҳии вилоят, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва пайдо кардани сарчашмаҳои нави даромад, навоҳии дигари Хатлонзамин низ аз лиҳози иқтисодӣ худкифо гарданд.

Раиси вилоят зикр кард, ки дар соли гузашта 66111 ҷойи нав ва барқароршудаи корӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат 2307, кишоварзӣ 38102, сохтмон 10782, нақлиёту алоқа 320, савдо ва хизматрасонӣ 11671, дигар соҳаҳо 1370 ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 1559 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, иҷрои нақшаи барномаи солона бо нақшаи иловагӣ 100 дарсад таъмин шудааст.

Содироти садҳо тонна сементу намаки Хатлон

Дар нишасти матбуотӣ дар баробари дастовардҳои истеҳсолӣ, ҳамчунин ин рақам садо дод, ки соли 2015 аз ҳисоби маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 81,4 ҳазор тонна мавод содирот гардид, ки нисбати соли 2014-ум 35,1 ҳазор тонна зиёд мебошад. «Бо дарназардошти он ки Русия аз харидории маҳсулоти кишоварзии Туркия даст кашидааст, кишоварзони хатлонӣ дар соли 2016 метавонанд ҳаҷми содироти маводи кишоварзиро ба Русия бамаротиб афзоиш диҳанд. Аз ин рӯ, бояд кишоварзони мо талаботи ин бозорро низ ба инобат бигиранд. ВАО-и мо ҳам метавонанд дар тарғиби сифати аъло ва таъми хуши маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваи шаҳдбору сабзиҷоти серғизои маҳаллӣ саҳми бориз гузоранд, то содироти он афзун шавад», - баён кард Д. Гулмаҳмадзода.

Дар робита ба содироти маҳсулот ҳамчунин хабар дода шуд, ки соли гузашта нахустин бор аз вилояти Хатлон тариқи гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён беш аз 2 ҳазор тонна намак ва 350 тонна сементи истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид. Тавре маълум аст, дар гузашта соҳибкорони мо сементро бештар аз Покистон ворид мекарданд.

Бунёди 91 корхона ва 2407 нафар соҳиби ҷойи кор

Дар соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилоятамон 91 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 2407 ҷойи корӣ ташкил карда шуд, ки ин ҳам, аз нигоҳи Д. Гулмаҳмадзода, нишондиҳанда бад нест.

Раиси вилояти Хатлон зимни посух ба саволи хабарнигорон дар иртибот ба вазъи маориф гуфт, ки дар соли 2016 ин соҳа дар маркази таваҷҷуҳаш қарор хоҳад дошт ва талаботи ӯ аз раисони шаҳру навоҳӣ ва масъулон оид ба рушди соҳаи омӯзишу парвариш бештару ҷиддитар аз ҳарвақта хоҳад буд. «Дар қиёс бо солҳои пешин дастовардҳо дар бахши маориф зиёданд, барномаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо компутарҳо 105% иҷро гардидааст. Аммо бояд ба инобат бигирем, ки ҳар сол шумораи толибилмон ҳам афзоиш меёбад. Дар ин ҷода дасти ёрӣ ва ҳамкории зичи волидон бо мактабҳо низ пураҳамият аст», - афзуд Д. Гулмаҳмадзода.

Бори аввал дар таърихи тибби Хатлон

Раиси вилоят ҳамчунин перомуни дастовардҳо дар арсаи тибби Хатлон сухан гуфта, аз ҷумла хабар дод, ки моҳи декабри соли гузашта бори нахуст дар таърихи тибби вилоят амалиёти пайвандсозии гурда сурат гирифт. Ин амалиёт дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара муваффақона анҷом шудааст.

Тавре ки Хизматулло Шамсзода, сарпизишки беморхонаи мазкур, дар суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дод, 4 декабр аз ҷониби ҷарроҳони ин беморхона дар ҳамдастӣ бо пизишкони Душанбе нахустин амалиёти ҷарроҳӣ оид ба трансплантатсия ё пайвандсозии гурда гузаронида шуд. «Бемор Фарҳод Ҳоҷибоеви 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд буд. Донори ӯ яке аз хешовандонаш буд. Бо дарназардошти ин ки дар беморхонаи мо тамоми шароити мусоид барои анҷом додани чунин амалиёти мушкил фароҳам аст, бемор ба Данғара омад. Ҳоло вазъи саломатии Ф. Ҳоҷибоев ва донори ӯ хуб аст ва онҳо чанд рӯз пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ ба хонаи худ баргаштанд. Мутахассисони тиб аз пойтахти кишвар бар ин назаранд, ки шароити Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара барои дар заминаи он таъсис додани Маркази транспанталогия мусоид аст, аммо ҳоло мо танҳо дар бораи ифтитоҳи шуъбаи он андеша дорем», - гуфт Х. Шамсзода.

Ба қавли сардухтури ин беморхона, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ба 8 миллион аҳолӣ ҳудудан 180-200 бемори ниёзманд ба пайвандсозии гурдаи нав рост меояд. Таҷрибаи пайвандсозии гурда дар бемористонҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 4 сол қабл шурӯъ шудааст. Ҳоло беморон барои амалиёти пайвандсозии гурда дар Эрон 16 ҳазор доллари ИМА, дар Русия ҳудуди 70 ҳазор доллар ва дар Олмон то 120 ҳазор евро сарф мекунанд, аммо дар Тоҷикистон, ба иттилои Х. Шамсзода, чунин амалиёти ҷарроҳӣ бо сарфи ҳамагӣ камтар аз 48 ҳазор сомонӣ сурат мегирад, ки нархи нисбатан дастрас мебошад. Қарор аст, ки дар соли ҷорӣ низ дар беморхонаи ҷумҳуриявии Данғара якчанд амалиёти дигари пайвандсозӣ сурат бигирад.

Соли 2016 – Соли рушди маориф?

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди пешниҳоди хабарнигоре, ки соли 2016 дар Хатлон «Соли гулҳо» эълон шавад, гуфт, ки ин пешниҳодро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. «Аз ҳамаи журналистони муҳтарам хоҳиш доштам, ки пешниҳодоти худро оид ба ин масъала ба мо ироа доранд, то тасмими ниҳоӣ гирифта шавад, ки соли 2016-ро соли чӣ эълон намоем. Аммо, тавре ки ишора намудам, мо дар соли нав беш аз пеш ба соҳаи маориф ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа тамаркуз хоҳем кард. Аз сӯйи дигар, имсол 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва, фикр мекунам, ҳамин ҷашн ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро муваззаф мекунад, ки тамоми неру ва тавонмандиашро барои ободонии маҳалли зисти худ ва кишвари худ равона созад», - изҳор кард Д. Гулмаҳмадзода.

Дар охир, раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва худи ӯ ҳамеша омодаи ҳамкории созанда бо ВАО ва хабарнигорон аст. Ба ақидаи ӯ, саҳми ин институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули афкори омма, тарғибу ташвиқи захираҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, бунёд ва таҳкими ҷомеаи солиму мутараққӣ бориз аст.

Н. МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дастовардҳои Хатлон зиёданд

Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дастовардҳои Хатлон зиёданд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат