Дар як сатр
» » Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

11-01-2016, 13:54

Ҷаласаи марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2015 доир гардид. Дар ҷамъомад муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, дастгоҳи раиси вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Ҷаласаро раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки чанде қабл дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати панҷум доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят маълумоти муфассал дода будем.

Сипас, муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов оид ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят тайи як сол маърӯза кард. Номбурда зимни суханронӣ ироа дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо дар соли 2015-ум 105,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 745 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 39 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2014-ум 97 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоят, таъкид дошт, ки иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят 98% таъмин гардида, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 1,2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. Аз ҷумла соҳаи маориф 644,2 миллион сомонӣ, тандурустӣ 276,1 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 10,7 миллион сомонӣ, коммуналӣ 38 миллион сомонӣ, варзиш 2,6 миллион сомонӣ, фарҳанг 31,2 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 12,9 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ қарзи музди меҳнат нисбати соли 2014-ум 9,7 миллион сомонӣ кам гардид.

Ҳамин тавр, дар ҷамъомад муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов доир ба риштаи савдо низ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки гардиши мол нисбати соли 2014-ум 12,7 миллион сомонӣ зиёд гардида, 118,2 фоизро ташкил дод.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Чуноне ки зимни суханронӣ нотиқ изҳор дошт, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ дар вилояти Хатлон ба шумор меравад. Нисбати соли 2014-ум ба андозаи 362 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардид. Аз ҷумла дар ин давра 839,3 ҳазор тонна ғаллагиҳо, 242 ҳазор тонна картошка, 903,8 ҳазор тонна сабзавот, 440,4 ҳазор тонна полезӣ, 148,2 ҳазор тонна меваҷот, 96,7 ҳазор тонна ангур, 116,9 ҳазор тонна гӯшт, 431,9 ҳазор тонна шир, 64,98 миллион дона тухм ва 944,8 тонна асал истеҳсол гардид.

Сипас, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2015 ибрози назар намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар давоми сол фаъолиятро хуб ба роҳ монда, ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардидаанд, изҳори ташаккур намуд. ӯ аз ҷумла таъкид дошт, ки соли сипаригардида аз ҳудуди вилоят 81,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шуд. Дар қиёс ин нисбати соли 2014 -ум 35,1 ҳазор тонна зиёд мебошад. Зимни суханронӣ роҳбари вилоят таъкид дошт, ки риштаи саноат яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор рафта, манбаи ҷойҳои корӣ ба шумор меравад.

Ҳадаф ҳарчи бештар бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Чуноне ки роҳбари вилоят ёдрас гардид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,3 миллиард сомонӣ расида, нисбати соли 2014 671,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2015 вобаста ба иҷрои нақшаи амал 91 адад корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 2407 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки соҳаи саноат дар вилояти Хатлон рӯз ба рӯз рушд ёфта, нисбати соли 2014 истеҳсоли асфалт 9,3 баробар, пунба 1,6, семент 1,3, оҳану бетони васлшуда 2 баробар, трансформатор 1,6 фоиз афзоиш ёфт. Нисбати дастовардҳои риштаи сохтмон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки ҳангоми бунёди иншоотҳо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва хонаҳои иқоматӣ масъулин бояд, пеш аз ҳама, ба масъалаи шарҳрдорию шаҳрсозӣ, яъне иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъморию шаҳрсозӣ» диққати ҳамаҷониба диҳанд.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Чуноне ки зимни суханронӣ роҳбари вилоят ёдовар гардид, азхудкунии маблағҳои асосӣ бо сармояи хориҷӣ 74,3 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ аз ҳама манбаъҳо 54,4 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ 173 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Дар соли 2015 ба маблағи 952,1 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд. Дар ин давра дар вилоят 330 биною иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ, марказҳои хизматрасонию тиҷоратӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, 4315 хонаҳои иқоматӣ бунёд гардид.

Зимни ҷаласа доир ба соҳаи нақлиёт, роҳ ва алоқа сухан рафта, роҳбари вилоят афзуд, ки нисбати соли 2014 ҳаҷми боркашонӣ 105,7 фоиз, мусофиркашонӣ 122,9 фоиз, таъмир ва истифодабарии роҳҳо 111,1 фоизро ташкил дода, компютеркунонии мактабҳо 105 фоиз иҷро гардид.

Роҳбари вилоят зимни суханронӣ таъкид дошт, ки ба масъалаи ғанӣ гардонидани буҷа бештар диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои корӣ бояд беҳтару хубтар фаъолият намуда, сарчашмаҳои бештари андозсупориро пайдо менамуданд. Нисбати таъмини ҳатмии нафақапулӣ, музди меҳнати омӯзгорону табибон, бунёди ҷойҳои нави корӣ низ раиси вилоят таъкид намуд, ки марҳала ба марҳала музди кормандони арсаи кишоварзӣ бояд баланд бардошта шавад. Ҳамкории кумитаю мақомотҳои дахлдор хубтару бештар ба роҳ монда шавад.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

- Дар ин баробар, ҳаққи хизматрасонии муассисаҳои барқ, обтаъминкунӣ сари вақт пардохт карда шавад. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба маъракаҳои ниҳолшинонӣ, шудгори хушсифат, аз замистон солиму фарбеҳ баровардани чорво, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шавад, - гуфт Д. Гулмаҳмадзода.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат