Дар як сатр
» » Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

22-12-2015, 09:33


Бозиҳои азими сиёсӣ ва равандҳои бузурги геополитикӣ имрӯз кишварҳои зиёдеро бо хатарҳои воқеӣ рӯ ба рӯ кардааст. Солҳои охир калимаи «ҷиҳод», махсусан ҷиҳоди исломӣ, вирди забонҳои мардум гардидааст. Аз шунидани ин вожа ҳамзамон саҳнаи куштори ваҳшиёнаи одамон ба ёд мерасад. Агар ба умқи аслии «ҷиҳод» фурӯ равем, мебинем, ки он маънии мусбат дошта, ҳадафаш ҳифзи субот, таҳкими амният ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад.
Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Вожаи «ҷиҳод» арабӣ буда, маънии луғавиаш ҷаҳду талошро гӯянд. Аммо маънии истилоҳии он далолат ва ташвиқ ба сӯи дини ҳақро мегӯянд. Пеш аз ҳама бояд донист, ки ҷиҳод се марҳилаи асосии худро дорад: Ҷиҳоди нафсӣ. Мақсад аз ҷиҳоди нафсӣ мубориза бо нафс аст. Тавре ки Расули Акрам (с) дар ҳадиси мубораки худ мефармоянд: «Муҷоҳиди ҳақиқӣ шахсест, ки хоҳишҳои нафсонии худро дар итоати Парвардигор нигоҳ дорад».

Ҷиҳоди дувум - ҷиҳоди даъватӣ ва фаҳмондадиҳӣ. Хазрати Расули Акрам(с) даҳсоле, ки дар шаҳри Макка буданд, вазифаи худро фаҳмонидани моҳияти ислом медонистанд ва танҳо дуои ҳидояти мардумро мекарданду тамом.

Ҷиҳоди саввумро ҷиҳоди биноӣ гӯянд ва маънояш биноӣ, созандагию бунёдкорист. Маънои ин ҷиҳод он аст, ки бояд ҳар фарди мусулмон дар пешрафту тараққиёти ватани худ саҳмгузор бошад.

Таҳлилҳои воқеаҳои солҳои охири давлати Ироқу Сурия нишон дод, ки дар онҷо ягон навъи ҷиҳод нест. Чӣ тавре гуфтем, қотилон ва золимон амалҳои бераҳмонаи худро, ки ҳамагӣ аз куштори одамони бегуноҳ ва вайрону валангор кардани шаҳрҳои обод мебошад, бо ибораи «ҷиҳоди исломӣ» ҷомаи шаръӣ мепӯшонанд ва гӯё дини мубини ислом онҳоро ба ин кор амр карда бошад. Магар рехтани хуни бародари муъмин, ки Қуръони карим муъминонро бародар, ва пайғамбари ислом Муҳаммад (с) «мусулмонро бародари мусулмон» гуфтааст, ҷиҳод аст?! Баръакс, дар оятҳои китоби муқаддаси ислом Қуръони карим ва ҳадисҳои пайғамбари ислом Муҳаммад (с) омадааст, ки «ҳар кӣ соҳиби имонро қатл намояд, фардои қиёмат ҷояш дӯзах аст».

Мутаассифона, як қисми ҷавонони мо, ки пиромуни масоили динию дунявӣ дониши казоӣ надоранд, ба осонӣ фирефтаи ҳилаву найрангҳои равияҳои ифротӣ мешаванд. Онҳо намедонанд, ки Худованд ва Расулаш аз мардумозорӣ безор аст. Мафҳуми терроризм (даҳшатафканӣ) шакли ниҳоии хеле хатарноки ифротгароӣ дар миқёси чаҳон мебошад ва, пеш аз ҳама, ба одамони бегуноҳ ва кишварҳои қисман қафомонда таҳдид менамояд. Экстремизм (ифротгароӣ) амали ифротгароёнаи ҷомеа аст, ки мустақиман ба сохти сиёсии давлат хатар ба вуҷуд меорад. Танҳо бо муомилаи хуб, кирдору рафтори ҳамида ва тарзи зиндагии шоиста метавон намояндаи дини дигарро ба дини худ, ки маънии аслии ҷиҳод аст, дилгарм кард. Қатлу хунрезӣ натанҳо барои паҳншавии дини ислом хидмат намекунад, балки тамоми мардуми ҷаҳонро водор мекунад, ки барои пешрафти ислом монеа эҷод кунанд. Ба ибораи дигар, ин гуна «муҷоҳидин» ба осиёби душманони ислом об мерезанд.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд, ки «номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст». Дар идомаи Паём Ҷаноби Олӣ қайд намуд, ки «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти асоситарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».

Ин дардро шоири шаҳир Ҷалолиддини Афғонӣ чунин баён кардааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мулмонии мост.


Дар ин бора, пеш аз ҳама, бояд ба тарбияи аҳли ҷомеа аҳамияти хоса зоҳир намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро аввалан падару модарон дар худ татбиқ диҳанд, сипас, насли наврасро ба он водор намоянд. Ҷавонон бояд дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ тарбия шаванд. Барои баланд бардоштани саводнокӣ ва маърифати динии ҷомеаи мамлакат тадбирандешӣ мебояд. Чӣ гунае дар боло зикр намудем, ҷавонон аз донистани таълимоти динӣ не, баръакс, аз хурофот ва бесаводию каммаърифатӣ даст ба ҷиноят мезананд.

Саидмаҳмуд ОЛИМОВ,
коршиноси масоили динӣ



Шарҳи хонандагон +
Cialis Bestellen Deutschland Venta Cialis Farmacias zoloft Propecia United Kingdom Viagra Das Erste Mal Nehmen viagra online prescription Cialis Without A Doctor'S Prescription Cialis 12 Kaufen Dapoxetina Alternativa Viagra With Prescription In Usa Foro Cialis 10 buy accutane uk no prescription Best Buy Cheapeast Bentyl Best Website By Money Order Levitra Taglich Einnehmen Liquid Amoxicillin Children Where To Purchase Low Cost Levitra What Is Metformin Canadian Pharmacy Largo Fl where to buy provera and clomid online Sildenafil Generic Viagra Side Effects To Amoxicillin In Babies Sildenafil 100mg For Sale Rayrx Online Drugstore Buy Propecia In London viagra Acyclovir Pills For Sale In U.S.
1 декабр 2016 05:23
Tablette Levitra tarif propecia pharmacie Cialis On Line Espana Ou Acheter En Ligne Dapoxetine Online Pharmacy With Echeck Augmentin Price Per Pill Cialis Lilly 20mg 12 cialis Generic Provera Meprate Cheapeast Best Website On Line Cialis Ischemia Cialis Und Grapefruitsaft Antibiotics Buy Amoxil Uk Cheap Cialis Mode D'Action cialis Propecia Eyebrow Hair 777tablets Erfahrungen Buy Amoxicillin Spain Priligy 30 Mg Ohne Rezept Zithromax Skin Abscess cialis viagra levitra Brand Name Viagra Online Australia Cialis Viagra And Levitra Kamagra Francia Buy Now Amoxicilina Best Website vardenafil online pharmacy Thiazides Diuretics Buy Canadian Pharm Site Serieux Achat Cialis Acquistare Kamagra Farmacia
7 декабр 2016 04:38
Real Vendita Levitra viagra Comprar Cialis Original Online Madrid Tadalafil 40mg Viagra A L Unite Levitra Malaga Wie Teuer Ist Viagra buy viagra Cialis Levitra En Ligne Amoxicillin And Cipro For Lyme Disease 50 Mg Amitriptyline Without Rx Finasteride Vs Propecia Cialis Vendita Farmacia Ciplactin Pills cialis Viagra Te La Hace Mas Grande Propiedades De Propecia Cialis Generico Funziona priligy comprar Can I Get Cymbalta In Mexico Kamagra Sildenafil Preis Can A Puppy Drink Cephalexin Medicamento Cialis 10 Svizzera Propecia Generico generic viagra Cialis Italia Paypal Giving Toddler Amoxicillin
15 декабр 2016 09:24
247 Drug Shop Viagra Ohne Rezept Apotheke levitra. brand name bayer.. 20 mg. Best Generic Viagra Overnight Super P Force viagra Propecia Canada Pharmacy Online Buy Fluoxetine C20 Without Prescription Bing Quality Online Viagra Canada cialis Penisole Confronto Levitra Cialis Viagra Strep Zithromax Oxibutuinina cheapest generic levitra Mupirocin Cream 5 Mail Order Canada Zithromax Chlamidia zoloft without a prescription Finasteride 1 G Propecia Generic Bentyl Where To Buy Provera Amenorrhoea
24 декабр 2016 15:48

Матолиби дигар:

Таҳдид ба инсоният

Таҳдид ба инсоният

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш
Шӯрои уламо: Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад

Шӯрои уламо: Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба заъфи худ ғазо кунед!

Ба заъфи худ ғазо кунед!

Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ