Дар як сатр
» » Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

11-11-2015, 12:00


Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот Ба истикболи ҷашни милитсияи тоҷик дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади тантанавии хотирмон доир гардид. Дар ҷашнвора, ки дар варзишгоҳи марказӣ баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ, генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода штирок доштанд.

Ҷамъомадро раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ифтитоҳ намуда, аз он дастовардҳое, ки ҳомиёни конун-муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ тӯли солҳои соҳибистиклолӣ дар ноҳия ба даст овардаанд, муфассал суханронӣ намуда, гуфт ки нақши милитсия дар ноҳия ба маънои томаш, ки пуштибони омма аст, мувофикат мекунад.

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамродар баромади табрикии худ аз пешаи душвору ифтихорманди милитсияи тоҷик ҳарф зада, аз боварию дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати милитсия ва рушди соҳа ёдовар шуд. Ҳамзамон аз ободкориҳое, ки Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣдар ноҳияи АбдураҳмониҶомӣ бо дастгирии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассиса, ҷамоату соҳибкорон ба шарафи ҷашн ба ҷо овардаанд, изҳори каноатмандӣ намуд.

Ба ин муносибат раиси ноҳия, роҳбарони як катор ташкилоту муассиса бо медал ва Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шуданд. Вазир ба шарафи ид ба як катор ятимон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат либоси гарм такдим намуда, ба собикадорони милитсия ва оилаҳои саробонашон ҳангоми амалиётҳо фавтида кӯмакпулӣ супурд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар баромади худ кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаи дар ноҳия будаи онро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, бо каноатмандӣ аз накши боризи милитсия дар ҳудуди вилоят, ки яке аз воҳидҳои маъмурии калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ёдовар шуд.

Кисми дуюми чорабинӣ аз мусобикаи гӯштӣ, баҳри дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ, иборат буд. Ин мусобикаи варзишӣ, ки байни кормандони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии вилоят гузашт, хеле диданӣ буд ва ғолибон бо туҳфаҳои арзанда мукофотонида шуданд.

Исматулло ҲАСАНОВ
Аксбардор М. Ашӯров


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Бозсозии биноҳои ШВКД дар Бохтару Вахш

Бозсозии биноҳои ШВКД дар Бохтару Вахш

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вазир кай ба Хатлон меояд?

Вазир кай ба Хатлон меояд?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА