Дар як сатр
» » Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

22-07-2015, 15:48

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия
Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон нисбати 124 сокини маҳаллӣ барои иштирокашон дар амалиётҳои ҷангии Сурияву Ироқ ва дигар ҷиноёти ифротгароӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, бо ироаи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки дар миёни афроде, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ пайваста, дар қаламравҳои ҷангии Сурия, Ироқ ва Афғонистон қарор доранд, 30 ноболиғи хатлонӣ ҳам будаанд. Ба ҷуз ин, 25 зан ҳам ҳамроҳи хонаводаи худ ба Сурия рафтаанд.

Б. Шарифзода, сардори РВКД дар вилояти Хатлон, аз шомилшавии бархе наврасону ҷавонони маҳаллӣ ба сафи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» шадидан изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз 7 сокинони вилоят аз ҷангҳои Сурия ба ватан баргаштаанд ва умед аст, ки шумораи пушаймоншудаҳо ва баргаштаҳо аз Сурияву Ироқ афзоиш ёбад.

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия- Дар 6 моҳ 5 нафар ва дар моҳи июл ду нафари дигар баргаштанд, - зикр кард Б. Шарифзода. – Аммо ду нафар бо ҷурми иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи Сурияву Ироқ боздошт ва равонаи маҳбас гардиданд, ки яке сокини шаҳри Норак ва дигарӣ аз Шаҳритус буданд. Қобили зикр аст, ки нафароне, ки ихтиёрӣ меоянд, агар пушаймон шуда ва ҷинояти сахте содир накарда бошанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мегарданд.

Сардори Раёсати ВКД дар вилоят ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз аз ҷумлаи онҳое, ки аз вилояти Хатлон ба ҷангҳои Сурия ҷалб шудаанд, 29 нафарашон ҳалок шудаанд.

- Тамоми ҷомеа, бахусус воситаҳои ахбори омма, бояд дар пешгирӣ аз сафарҳои кӯркӯронаи шаҳрвандон ба Сурияву Ироқ ва ба доми гурӯҳҳои ифротӣ уфтодани онҳо саҳм бигиранд, - афзуд Б. Шарифзода. – Журналистон бо нашру пахши хабару матолиби хабариву таҳлилӣ дар матбуот ва телевизионҳо пайваста талош мекунанд, ки даҳшатҳои ҷанг дар Сурияву Ироқро намоиш дода, пеши роҳи шаҳрвандонро аз сафар ба манотиқи ҷангӣ бигиранд. Мо дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО то ҷое муваффақ шудем, ки пеши роҳи ҷалби шумораи зиёди шаҳрвандонро ба ҷангҳо бигирем.

Дар нишасти хабарии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дода шуд, ки аз оғози сол дар вилоят 2622 ҷиноят (аз он ҷумла 423 ҷинояти вазнин) ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии омилони ҷиноят ба 95% расидааст. Дар нимаи якуми соли 2015 185 нафаре, ки қаблан дар кофтукоб қарор доштанд, дарёфт шуданд. Ҷамъан 515 нафар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯ мешаванд.

Давоми сол кормандони милитсия дар шаҳру навоҳии вилоят инчунин 361 адад силоҳро дарёфт ва мусодира кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 адад бештар аст.

Дар робита ба 201 ҷинояти ошкоргардидаи вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 113 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, 484 кг маводи мухаддир кашфу мусодира гардид.

Н. МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Афви «муҷоҳидон»-и пушаймоншуда

Афви «муҷоҳидон»-и пушаймоншуда

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳушдори мақомот: То имрӯз беш аз 30 ҷавони хатлонӣ дар Сурия кушта шудааст

Ҳушдори мақомот: То имрӯз беш аз 30 ҷавони хатлонӣ дар Сурия кушта шудааст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА