Дар як сатр
» » Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд

Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд

20-07-2015, 07:48

Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд

Ширкати сохтмонии «Монолитстрой»-и Екатеринбурги Русия, ки дар гузашта аз 60 нафар муҳоҷири кории тоҷик, аз ҳисоби музди маош дар маҷмӯъ 1 миллион рубли русӣ қарздор буд, дар арафаи Иди саиди Фитр, онро пурра бипардохт (Дар бораи проблемаи ин муҳоҷирони корӣ дар шумораи гузаштаи рӯзнома №29, аз 9 июли соли 2015 матлабе таҳти унвони «оворагии 60 муҳоҷири тоҷик» ба нашр расида буд). Ва корфармо ба 80 нафари дираре, ки ҳақмузди семоҳаашонро нагирифтаанд, ваъда додааст, ки дар наздиктарин фурсат маблағашонро ба даст мегиранд

Дар ин бора як гурӯҳ аз ин муҳоҷирон ба рӯзномаи «Хатлон» хабари телефонӣ доданд.

Чанд тан аз ин муҳоҷирони овора ва корафтодаи тоҷик дар суҳбати телефонӣ гуфтанд: «Ин хушхабар дар ҳоле ба гӯш расид, ки рӯзномаи «Хатлон» ба мо ҳамроҳӣ карду дар торнамояш аз мушкиламон ҳарф зад ва дар ҳалли вазъи ногуворамон мусоидат намуд».

Хушвахт Сафаров, яке аз ин муҳоҷирон, бо сипосгузорӣ ба рӯзномаи «Хатлон» мегӯяд: «Ман се моҳ боз ба хонаамон ягон сӯм равон накарда будам, чунки дар даст пул надоштам. Ҳоло хеле хушнудам, ки маошамро гирифтам ва ба падару модарам 15 ҳазор рубли русӣ фиристодам, то ин ки харид карда, дастурхони зебо ороянду Иди саиди Фитрро бо хурсандӣ гузаронанд, - зикр кард, Х. Сафаров. - Мисли ман ҳамкоронам ҳам ба волидайн ва зану фарзандонашон идона фиристоданд, то онҳо бо либосҳои наву тоза идгардак кунанд».

Муҳоҷирон дар идома ҳамчунин зикр намуданд, ки феълан корро дубора дар ин ширкати сохтмонӣ оғоз бахшидааанд ва ба онҳо роҳбари корхона Игор Иванович, ваъда додааст, ки аз ин пас сохтмончиён музди маошатонро дар вақташ дастрас менамоянд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
махсус барои «Хатлон»,
Екатеринбург, Русия

«Хатлон», № 30, аз 16 июли соли 2015



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш