Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Хатлон


Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Хатлон



Имрӯз 10-уми августи соли равон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Фариза Абдуллозода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва устодону варзишарон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд. 
 
Пеш аз баргузории чорабинии варзишӣ ҳайати меҳмонон аз дастовардҳои варзишгарони хатлонӣ дидан намуданд. 
 
Сипас, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ҳамаи варзишгарони вилоятро ба рӯзи идашон табрик гуфта, ба онҳо дар самти расидан ба комёбиҳои бештар маслиҳату машваратҳои муфид дод.
 
Дар  қисмати ҷамбастии чорабинӣ ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳо парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
 
Набиҷони Саидаброр,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода