Дар як сатр
» » Ҷавонон ва мафкураву манофеи миллӣ

Ҷавонон ва мафкураву манофеи миллӣ

27-06-2015, 12:30

Ҷавонон ва мафкураву манофеи миллӣ

Ба касе пӯшида нест, ки ҳама гуна давлати миллӣ бояд ғояи миллӣ дошта бошад ва дар чаҳорчӯбаи он манофеи миллиро роҳандозӣ намояд.

Дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон, ки як қисми ҷудонашавандаи Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ ҳисоб меёфт, ба ҳайси мафкураи миллӣ – давлатӣ таълимоти марксистӣ – ленинӣ ҳукм меронд.

Дуруст аст, ки дар солҳои 20-уми қарни гузашта баъди таъсис ёфтани Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС табақаи равшанфикрони тоҷик ташаккул ёфта, дар чаҳорчӯбаи мафкураи коммунистӣ ғояҳои миллии тоҷикиро амалӣ месохтанд. Аммо табақаи зиёиёни тоҷик дар аҳди шӯравӣ ба сабаби тазъиқи ҳизби ҳоким натавонистанд як ғояи томи миллиро роҳандозӣ намоянд, то ки дархӯри манофеи миллии тоҷикон бошанд, дар ҳоле ки дар байни дигар халқҳо дигар ғояҳои миллӣ шакл гирифта, манофеи миллӣ ба мақоми аввал баромада буд. Бинобар ин, баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ақвоми соҳиби ғояи миллӣ раҳгум назаданд, барои давлати шӯравӣ ашки ҳасрат нарехтанд. Ба ҷойи он худро ба зудӣ ба даст гирифта, дар фикри андешаи фардо шуданд. Онҳо таъҷилан ба он муваффақ гардиданд, ки холигии ғоявиро бо мафкураи миллии худ пур кунанд ва манофеи миллӣ чун манфиати ҷонии ҳар як шаҳрванди ҷомеа эътироф гардад.

Аммо шикасти давлати абарқудрати шӯравӣ на танҳо барои мардуми одии Тоҷикистон, ки онҳо худро бе сохти шӯравӣ тасаввур карда наметавонистанд, фоҷиа ҳисоб мешуд, балки зиёиёни тоҷик низ аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ дасту по гум карданд. Ҳол он ки соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани Тоҷикистон барои мардуми мо бузургтарин ҳодисаи фараҳбахши қарни 20 маҳсуб мегардид. Истиқлолият ормони ашхоси фарҳехтаи миллат буд, ки онҳо тӯли асрҳо орзуяш мекарданд ва бо эҳсони худовандӣ ба даст омад. Табиист, ки бо суқути шӯравӣ идеологияи пурмуҳтавои он низ фано шуд ва дар Тоҷикистон як навъ халои идеологӣ ба миён омад, ки аз он ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҷӯю бегонапарасти динии ғуломи хоҷаҳои хориҷӣ моҳирона истифода карданд. Онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш намуданд, ки дар байни сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низоъу нифоқ андозанд ва бо ҳар роҳ ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии худ, ки чун сароб аз дур намоён буд, ҷалб созанд.Ҷойи тааҷҷуб нест, ки бо сабаби нотавонии фарҳанги миллии дунявии тоҷикӣ ҷавонон ба сӯйи ҳизбу ҳаракатҳои бегонаву таҳаммулнопазир майл менамуданд ва нерӯи ҷисмониву маънавии худро ба ҷойи барои эъмори давлати ҷавони миллӣ сарф кардан, ба табоҳсозию тахриби давлати худ равона месохтанд, мардуми камбағалро саркӯб намуда, пеш аз ҳама, ғурури миллии онҳоро мешикастанд. Ин ғояҳои бегонаву иртиҷоӣ аз он ки дар тӯли мавҷудияташ империяи шӯравӣ хислати динситезӣ ва атеистӣ дошт, моҳирона истифода карданд. Онҳо раванди эҳёи дини исломро маккорона ба манофеи худ истифода намуда, ба мазҳаби муътадили ҳанафӣ ва эҳёи воқеии динӣ ҷомаи сиёсӣ пӯшониданд ва фаъолона ба қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон ҳаматарафа таъсир расониданд. Албатта, ин ҳам он солҳо як раванди воқеии ҷомеа маҳсуб мегардид, зеро дар ҳамаи давру замонҳо зимомдорони дин исломро ба манофеи шахсии худ созгор намуда, ба аҳли ҷомеа дар истинод бо китобҳои самовӣ фатво медоданд. Ҳанӯз Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ аз риёкории ин тоифа ба танг омада гуфта буд:

Зиёни касон аз пайи суди хеш
Биҷӯянду дин андар оранд пеш.


Ин гурӯҳи риёкор ва табаҳсози ҳаёти ҷомеа бехабар аз онанд, ки дар назди Худованд доми тазвир сохтани аҳодиси набавӣ ва китоби муқаддаси самовӣ – Қуръони азимушшаън аз кабиратарин ҷурмҳост:

Ҳофизо, май хӯру мастӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дагарон Қуръонро.


Ин ҷо риёкорӣ барои мусулмон аз ҳамаи гуноҳҳо - май нӯшидану мастӣ кардан ҷурми сахттар дониста шудааст. Дагар гӯянд парандаест, ки Қуръонро пурра аз бар карда будааст ва онро чунон бо лаҳни хуш қироат мекардааст, ки дигар ҷонварон беҳуш мешудаанд ва сипас, поин шуда, ҳамаи онҳоро як-як мехӯрдааст. Ин амали дагар рафтори баъзе бо ном муллоҳои табибтароши моро ба хотир меорад, ки вақтҳои охир аз тариқи ВАО дар миёни мардум миси онҳо баромад.

Махсусан, ҷанги хунини шаҳрвандӣ ё бародаркуш, ки бо ташаббуси бунёдгарони давлати исломӣ рух дод, аз як тараф, ҷони ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳро даррабуда бошад, аз тарафи дигар, вартаи идеологиро боз ҳам васеътар сохт. Вале олам танҳо бо бадиҳо ва бо дасти нерӯҳои аҳриманӣ эъмор нашудааст. Дар умқи хокистари ин миллат ахгаре сӯзон низ ниҳон буд, ки ашхоси фарҳехтаи онро барои иҷрои амали нек ва хайрхоҳона таҳрик медод. Ба қавли аллома Иқбол:

Мерасад марде, ки занҷири ғуломӣ бишканад,
Дидаам инро ман аз девори зиндони шумо.


Худованд ин абармардро низ ба миллати мо эҳдо намуд, ки ӯро Эмомалӣ Раҳмон унвон буд. Мавсуф тавонист, ки «…оташро дар найистон хомӯш намояд» (Темур Зулфиқоров, адиби русзабони тоҷик). Баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи деринтизор дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа сиёсати бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки ҳоло низ идома дорад ва ҳамаи мову шумо шоҳиди онем. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста моро ба ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон даъват менамояд. Гӯё ин суханонро аллома Иқбол маҳз барои мо – соҳибватанон гуфта бошад, то ки дар атрофи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳид шуда, муташаккилона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеаи мо бегона мубориза барем:

Ҳалқа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил,
Оташе дар сина дорам аз ниёгони шумо.


Яке аз иқдомҳои сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат ин муайян намудан ва эълони ғояи миллии давлатии Тоҷикистон аст. Соли 1999 баъди таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён ва қомат афрохтани муҷассамаи поягузори давлати тоҷикон – Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии пойтахт ба мардум барои муаррифии доҳии тоҷикон дигар ҳоҷат намонд. Ҳама огаҳӣ ёфтанд, ки рамзи ғояи миллӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол шахсияти бузурги таърихӣ – Исмоили Сомонӣ хоҳад буд.

Таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, ҷашни алломаҳои машҳури олам Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон, ки бо ибтикори Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуданд, барои офариниши мафкураи миллӣ моро қадам ба қадам наздик менамуданд.

Бинобар ин, ба мафкураи миллии давлати Тоҷикистон аз солҳои 1999-2000-ум бунёд гузошта шуд ва асоси ин мафкураро ифтихори ватандорӣ ташкил медод, ки борҳо дар баромаду ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон таъкид гардидааст ва набояд ин мафкураи олиро, ки пойдевори манофеи миллии моро бояд ташкил диҳад, нодида гирифт.

Ҳақ бар ҷониби профессор Масрур Абдуллоев аст, ки самтҳои миллӣ – давлатии Тоҷикистонро ба таври зайл муайян кардааст:
- худшиносии таърихӣ,
- худшиносии динӣ (дар асоси мазҳаби ҳанафӣ) чун ҷузъи фарҳанги миллӣ,
- ватанпарварӣ,
- ҳувияти забонӣ.


Ин чунин маънӣ дорад, ки мо бояд ҷавононро тавре тарбия намоем, ки худшинос бошанд. Онҳо аз таърихи миллат, дину мазҳаб чун ҷузъи фарҳанги миллӣ ба хубӣ огоҳӣ дошта, ифтихори ватандориашон болову воло бошад ва забони давлатиро гиромӣ доранд, бо ин забон босаводона навишта ва бурро сухан ронда тавонанд. Дар он сурат дар ҷавонон фарҳанги миллии дунявӣ нисбат ба ғояҳои иртиҷоӣ бартарӣ пайдо мекунад ва манфиати миллӣ, ҳимояи Ватан ва музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қалби ҳар як фарди ҷомеа ва махсусан, ҷавонон чун зуҳуроти дарккардашуда ва бошуурона маъво мегирад.

Шодиён Муҳаммад СУЛТОНЗОДА,
ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав


«Хатлон», №27, аз 25 июни соли 2015


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Сиёсат, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ташаккули худшиносии миллӣ барои мо зарур аст

Ташаккули худшиносии миллӣ барои мо зарур аст

Маориф ва илм