Дар як сатр
» » Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

12-06-2015, 15:25

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…4-уми июни соли 2105 аз миёни мо яке аз шахсияти маъруфу маҳбуб, олими барҷаста, инсони наҷиб, хайрхоҳу ватандӯст, ҳидоятгари сулҳу дӯстӣ, омӯзгор, профессори кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактабҳои олии СССР»
Сайхӯҷа АЗИЗОВ

баъд аз бемории тӯлонӣ ба хонаи охирати хеш рахти сафар баст.


Сайхӯҷа Азизов 15 декабри соли 1933, дар деҳаи Чинораки ноҳияи Муъминобод, дар хонадони деҳқон ба дунё омадааст. Баъд аз таҳсил дар мактаби миёнаи 7-солаи ҷамоати «Зарбдор»-и ноҳияи Кӯлоб ва мактаби миёнаи ба номи Лоҳутии ноҳияи Сарчашма (ҳоло Шӯрообод), соли 1956 Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевчен¬ко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро бомуваффақият хатм карда, фаъолияти кории хешро ҳанӯз дар даврони мактабӣ ҳамчун сарвожатийи пионерони мактаб солҳои 1949-1952 оғоз намудааст. Дар давоми умри пурмаҳсули хеш ба ҳайси муаллими фанни математикаи мактаби миёнаи №10 ноҳияиСталинобод (ҳозира Рӯдакӣ, 1956-1957), инспектори Вазорати маорифи ҶТ (1957), мудири кафедраи математикаи олии Институти давлатии педа¬гогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1957-1965), аспиранти Институти давлатии педагогии Кали-нини (ҳоло Твер) Федератсияи Россия (1965-1968), мудири кафедраи математикаи олӣ (1968-1975), муаллими калони кафедраи мазкур (1975-1978), муовини декан (1978-1981), муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ (1981-1987), декани факултаи математика (1987-1991), муовини ректор оид ба илм (1991-1993), муовини аввали ректор (1993-2000), профессори кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000-2013) адои хизмат намудааст.

Соли 1984 дар мавзӯи «Апроксиматсияи функсия ва бисёраъзогӣ» дар шаҳри Калинини Федератсияи Россия рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, оид ба проблема ва назарияҳои математика, тавзеҳи функсияҳои ратсионалӣ ва ирратсионалӣ, таълими унсурҳои математикаи олӣ ва ададҳои комплексӣ дар мактаб ва ғ. беш аз 50 таълифоти илмӣ анҷом додааст. Иштирокдори чандин конфронсҳои илмии байналмилалии математикҳо дар кишварҳои гуногун мебошад.

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Сайхӯҷа Азизовро ҳамчун тарғибгари сулҳу ваҳдат ва яке аз поягузорони барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ мешинохтанд ва иззату эҳтиром менамуданд. Воқеан замони ҷанги шаҳрвандӣ Сайхӯҷа Азизов чун ватандӯсти асил мардуми кишварро ба якдигарфаҳмию сулҳу салоҳ даъват намуда, Раисии Ҳаракати сулҳро ба уҳда дошт.

Ӯ ҳамчун олим ва омӯзгор дар тарбияи математикҳои ҷавони донишгоҳ саҳми босазо дорад. Беш аз 15 нафар омӯзгорони факултаи математика бо равияи илмӣ ва ба равияи илмии ӯ наздик рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Барои хизматҳои шоиста бо унвонҳои давлатӣ ва нишонҳои сарисинагии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998), «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактабҳои олии СССР» қадр карда шудааст.

Дар ин рӯзи видоъ, ки ҷойи ҳамкасб, устод, омӯзгор Сайхӯҷа Азизовро аз дида ба дилҳо мебарад, ба фарзандону наздикон, ёру дӯстон ва хешу ақрабои марҳум аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил таманно мекунем.

Хонаи охирати устод обод, пешгоҳаш рӯшан бошад!

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!


Шарофат ХУДОЙДОДОВА,
ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---