Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК!


ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК!




Кунун бурҷи фалак ҳам минбари тоҷику ӯзбек аст,
Тулӯи бахт аз бому дари тоҷику ӯзбек аст. 
Ба рӯҳи Ҷомиву рӯҳи Навоӣ боз тан додем, 
Фурӯғи ҷоми Ҷам дар соғари тоҷику ӯзбек аст. 
Кафи бикшода барҳам мезанад чашми ҳасудонро, 
Малоик ҳам дуогӯи сари тоҷику ӯзбек аст. 
Дигар аз пардаи абри гузар моро набошад бок, 
Ки моҳи шабраваш дар кишвари тоҷику ӯзбек аст. 
Биё, аз дасти тифли ширхори орзу гирем, 
Ки шири хӯрдааш аз модари тоҷику ӯзбек аст. 
Раҳи абрешим аз рӯзи азал ифшогари меҳр аст, 
Касе паймуд ин раҳ, додари тоҷику ӯзбек аст.
Хати сарҳад баёни розҳои ҳарду миллат шуд,
Паёми дӯстӣ дар дафтари тоҷику ӯзбек аст. 
Сано як умр бояд гуфт хуршеди муҳаббатро,
Сарои ҷовидонаш меҳвари тоҷику ӯзбек аст. 
Дигар бо турки шерозии Ҳофиз мо наменозем, 
Ки он дастовгири дилбари тоҷику ӯзбек аст. 
Фазои бахту иқбол аст дар чашми замон рӯшан, 
Ҳама донанд ин аз ховари тоҷику ӯзбек аст. 
Бало аз фарш ё аз арш бошад нест моро бим, 
Малак дар марзи имон, дар бари тоҷику ӯзбек аст.
Шукӯҳи шуҳрати оинаро тафсир ин бошад, 
Ҷилояш ҷилвагар аз духтари тоҷику ӯзбек аст. 
Паёми сулҳро дар дафтари дил мекунем иншо, 
Кабӯтар ҳамнавою ҳампари тоҷику ӯзбек аст.


Давлат САФАР

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода