Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
БА ҶОЙИ АВВАЛСУХАН
Модари ӯгай! Бисёр мушоҳида мекунем, ки нисбати онҳо бадгӯиҳо мекунанд, бештар дар бераҳмию сангдилӣ гунаҳкорашон менамоянд. Чаро маҳз онҳо-модарандарон бадном шудаанд? Оё дар асл чунин аст, магар ҳамаи онҳо сангдилу каммеҳранд? Не, албатта! Ман байни мардум бисёр мегардам, бо онҳо, махсусан занҳо, вохӯрдаю дар суҳбат шудаам, зиндагии онҳоро аз наздик ошноям. Боз модарандаронеро медонам, ки дар меҳрубонӣ модарони ҳақиқиро мемонанд, ба фарзандони шавҳар меҳри гарми қалбашонро додаанд. Месазад, дар бораи онҳо қиссаю достонҳо навишта, аз рӯзгорашон дарси зиндагӣ омӯзем.
Оилаи амаки Холмумин (руҳаш шод бод!) маро солҳои тӯлонӣ шинос аст. Ин оиларо дар деҳа оилаи намунавӣ ном мебаранд. Дар як оила ду зан аҳлу тифоқ зиндагӣ мекарданду ҳафт фарзандро якҷоя ба камол расо-ниданд. Яке (зани якум) бефарзанд буду дуюмӣ фарзанддор. Яке фарзанд таваллуд менамуд ва дуюмӣ онҳоро тарбия мекард. Ҳарду модар ҳам фарзандонро ҳаққи модарӣ доштанд, онҳоро бо меҳру муҳаббат ба оғӯш гирифта, байнашон фарқе набуд. Қисмати завҷааи калонии амаки Холмумин-Момокалон, ки фарзандонро ӯгай буд, онҳо ӯро “Очакалон” ном мебурданд, мехоҳам рӯйи коғаз оварам. Зеро он барои модарону духтарон ибратбахш аст ва дар оиладорӣ аз аҳамият холӣ нест...
Ҷавонӣ! Он аз орзую ниятҳои нек оғоз меёбад ва лаҳзаҳои ширину нотакрор дорад. Холмумин ҳам орзу менамуд бахташ аз ишқу муҳаббати пок, мулоқотҳои ошиқона сарчашма бигирад. Ҷавон ба орзую ниятҳояш расид, духтари дӯстдоштаашро ба занӣ гирифт. Духтари башарму бамаънӣ ва меҳрубону поку меҳнатӣ Момокалон волидони ҷавонро хуш омад ва онҳо аз интихоби писар қаноатбахш гаштанд. Зиндагии ҷавонони пурорзу ширину гуворо ва бо нияти нек ҷараён гирифт. Онҳо ҳавасҳои ҷавонӣ медиданд. Вале дар нимароҳи зиндагӣ бахташон ҳайрону зор монд, мусибате онҳоро аз ҳам ҷудо намуд.
... Дар ҳамин айём саросари олам хабари шуме барқвор паҳн гардид. Ҳуҷуми аҳдшиканонаи фашизми гитлерӣ ба хоки собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба сари мардум ногаҳонию мусибат буд. Хабари оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ низ расид. Ҷавонони деҳотӣ ихтиёран ба ҳифзи Ватан бархостанд, ба сафи ҳазорон ҷавонписарони тоҷик пайвастанд. Момокалони ташнаи зиндагӣ дар тан пероҳани арӯсӣ, бо ашки талх шавҳарро ба набард мегуселонид.
Нигоҳҳояш ғамгину қалбаш пуралам буд. Пораи қалбаш аз ӯ дур мерафт. Ҷавон намедонист аз майдони муҳориба зинда бармегардад ё не, завҷаашро сахт ба оғӯш гирифта гуфт:
-Агар писар таваллуд кунию ман барнагардам, номашро Холмумин гузор, ки номам гум нашавад. Худат ҳам бисёр мотам нагир, ба шавҳар баро, зиндагиро ба хотири муҳаббатамон идома бидеҳ...
Онҳо бо ҳам видоъ карданд. Рӯзу ҳафтаю моҳҳо бо интизориҳои сангину тӯлонӣ мегузаштанд. Зиндагӣ дар ақибгоҳ нисбати майдони ҷанг гаронтар буд. Гуруснагию беморӣ сартосари мам-лакатро фаро гирифт. Бори вазнини рӯзгор, кори саҳро ба дӯши занону мӯйсафедон монда буд. Онҳо меҳнати миёншикан доштанд. Худ гуруснаю нимбараҳна буданду ба фронт, ба муҳофизони шуҷоъ сару либос ва маводи ғизоӣ мефиристоданд. Момокалон бо ҳомиладории худ нигоҳ накарда, баробари дигарон заҳмат менамуд, дар ғалаба бар бадӣ саҳм мегузошт. Ӯ дер боз аз шавҳар хабаре нагирифтаю аз ғам хӯрду хоб аз даст дода. Ҳамарӯза аз шавҳар интизори нома мешуд, вале ба деҳаи дурдасти кӯҳистон хабаре аз фронт намерасид, гӯё онҳоро аз ёдҳо бароварда бошанд.
-Худатро бисёр накоҳон, духтарам, шояд мактубҳо дар роҳ гум шаванд, охир ҷанг аст, на ҳама номаҳо ба нишона мерасад. Шавҳарат зиндаю саломат аст, албатта, бармегардад, қаҳрамон бармегардад,-таскин медод падаршӯяш бобои Маҳмадсолеҳ.
Писаре ба дунё омад. Ӯ сурати Холмуминро мемонд. Модар тифлро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд. Ду соли интизориҳо паси сар шуданд. Зан то ҳанӯз аз шавҳар хабаре надошт. Писарча бошад, бе ном калон мешуд.
Соли сеюми ҷанг. Ҷавонони деҳа як-як, ду-ду аз ҷанг маъюбу нимтан бармегаштанд. Яке бе даст буду дуюмӣ пойи худро дар майдони ҷанг гум карда ва ҷойи онро асобағал гирифта. Ҳамин тавр ҳама омадагон иллате доштанду қалбашон пурҷароҳат шуда. Момокалон орзу менамуд, Худоро зориҳо мекард, ки бигзор шавҳараш бе дасту пой бошад ҳам, ба хона, наздаш баргардад. Мутаассифона, аз шавҳар хатти сиёҳ гирифт. Он лаҳзаҳо барои зани шавҳаринтизор рӯзи сиёҳ буд. Сар ба дару девор зада, нола мекард. Боз дар кунҷи қалби пурумедаш ба ин хабар бовар намекард. “Ӯ зинда аст, бармегардад, хатти сиёҳ иштибоҳи ҷанг аст”, мегуфту худро андаке таскин медод. Бо ҳамин умед тифлакашро Холмумин ном гузошт.
... Ҷанг бо ғалабаи аскарони сурх ба охир расид. Зиндамондагон пешу қафо ба Ватан бармегаштанд. Аз Холмумин ҳанӯз дараке набуд. Умеди охирини зан хушк мешуд, мисли ашки дидагонаш.
ЗАНИ БЕРӮЗИРО МУСИБАТИ ДИГАРЕ БА САР ОМАД. ХОЛМУМИНАШ (ПИСАРАШ)-РО ЭҲТИЁТ КАРДА НАТАВОНИСТ. ТИФЛ ГУЛ БАРОВАРД, АЗ ШИДДАТИ ТАФСИ БАДАН, МЕҲРУБОНИЮ ОҒӮШИ ГАРМИ ПАДАРРО НАДИДА, АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД. Ӯ ЧИ АЗОБУ ҒАМЕ ДОШТ ДАР ҚАЛБАШ, ТАНҲО ХУДАШ МЕДОНИСТУ ХУДО. БОБОИ МАҲМАДСОЛЕҲ МЕДИД, КИ КЕЛИНАШ ПЕШИ ЧАШМОНАШ ОБ МЕШУД, МИСЛИ БАРГИ ДАРАХТИ ХАЗОНГАШТА ХУДРО ГУМ МЕКАРД. Ӯ БА НАСИҲАТ ДАРОМАДА, КЕЛИНРО ИҶОЗАТИ ШАВҲАРКУНӢ ДОД.
-Духтарам, зиндагӣ идома дорад, умратро хазон макун, ба шавҳар баро. -Амакҷон, маро аз хона пеш накунед.
Сарборӣ шуда бошам, рӯйирост гӯед, меравам,-бо ашки шашқатор гуфт зан.
Ин суханон пирамардро ба гиря овард ва хомӯшона аз назди келин рафту дигар дар ин хусус даҳон накушод.
... Мардуми кӯҳистон ба водиҳо барои ободонии мавзеъҳо кӯч бастанд. Даштҳои синабирён ободу обёрӣ гардида, ба ҷаннати рӯйи замин табдил ёфтанд. Холмумин дар ҷанг аз пой сахт маҷруҳ шуда буд ва дар баданаш пораҳои норинҷак (граната)-и дар наздаш кафидаро дошт, дар госпитали ҳарбӣ дурудароз хобид. Як пояшро буриданд, ҷароҳатҳои дигар бошад, то дер шифо наёфтанд. Номаҳои навиштааш беҷавоб буд, гумон кард, ки ӯро мурда ҳисобида, занаш ба шавҳар баромадааст. Боз намехост зан ӯро дар ин ҳол бинад. Рафтани ӯ ба Ватан қалби ҳарду ҷавонро ҷароҳатдор месозад. Ба ҳамин хотир чанд сол дар мулки бегона монд. Аз куҷо медонист, ки завҷаи вафодораш дар хона интизораш аст.
Холмумин баъди ду соли ғарибӣ ба зодгоҳ баргашт. Деҳаро холию вайрона дида, дилаш зад. Дар кӯҳистон касе намондааст. Суроғ карда, решаи худро дар водии навобод дарёфт. Баргаштани ҷавон боиси хурсандии аҳли деҳа гашт. Мард хабари марги писарашро фаҳмида, зорзор гирист. Ҳамчунин, марги бародараш Бобоҷон ӯро ғамгин намуд. Ӯ низ ба ҷанг рафта, барнагаштааст. Завҷаи ӯ бошад, ғаллазори оташгирифтаи хоҷагиро хомӯш карда, худ дар оташ сӯхту вафот намуд. Ягона писараш Абдуҷаббор дар тарбияи Момокалон монд.
(Давом дорад)
С. АТТОР, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.