Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АЛОВУДДИН АБДУЛЛОЗОДА: “АЗ НОРАСОИИ КАДРӢ ТАНҚИСӢ МЕКАШЕМ!”


АЛОВУДДИН АБДУЛЛОЗОДА: “АЗ НОРАСОИИ КАДРӢ ТАНҚИСӢ МЕКАШЕМ!”


-Мо тасмим гирифтем, ки дар Раёсати фарҳанг бештар ҷавононро ба кор ҷалб кунем. Махсусан, хатмкардагони соҳаи таърих ва фарҳанги донишгоҳҳо барои соҳаи мо хеле заруриянд. Айни ҳол, бисёр дар масъалаи норасоии кадрӣ вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолият дар соҳаи фарҳанг танқисӣ мекашем. Агар мутахассиси соҳаи осорхона набошад, мутахассиси самти китобхонаҳо набошад, кори соҳаи фарҳангро пеш бурдан хеле мушкил мешавад.




Ин нуктаро Аловуддин Абдуллозода-сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон зимни нишасти хабарияш, ки 13-уми июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи ин ниҳод баргузор гардид, зикр кард. Дар нишаст рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ВАО-и давлатию хусусии ҳудуди вилояти Хатлон ширкат варзида, дар суҳбат бо сардори Раёсати фарҳанг ва дигар масъулини соҳа масъалаҳои мубрам ва мушкилоту дастовардҳои соҳаи фарҳанги вилоятро дар шаш моҳи аввали соли 2021 мавриди баррасӣ қарор доданд.

А. Абдуллозода сабаби мавҷудияти масъалаи норасоии кадрӣ дар соҳаи фарҳанги вилоятро чунин шарҳ дод:

-Маъмулан, нафароне, ки барои кор ба мо муроҷиат мекунанд, пас аз оне, ки меоянду маошашро мефаҳманд, барои кор кардан розӣ намешаванд. Воқеан маош дар соҳаи мо барои мутахассисон, ки хизматчии давлатӣ ҳисоб мешаванд, чандон баланд нест. Аммо барои ҷалби мутахассисони кордон мо - маъмурияти раёсат чораҳои заруриро андешида истодаем.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои шароити биноҳои китобхонаҳо ва фаъолият дар онҳо, камчин будани китобҳои тозанашр бо забони тоҷикӣ дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, тағйироти кадрӣ дар соҳа, ба роҳ мондани сафарҳои эҷодиву ҳунарии кормандони театрҳо дар ҳудуди вилояту кишвар ва берун аз он ва ғайра аз ҷониби рӯзноманигорон ба роҳбарияти Раёсати фарҳанги вилоят саволҳо пешниҳод гардид, ки ба онҳо масъулин посухҳои қаноатбахш доданд.

Суннатуллоҳи Мирзо, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода