Дар як сатр
» » 25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

27-03-2015, 10:36

25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон садҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардории мардум қарор хоҳанд гирифт, ки бинои маскунии 15-ошёнагии иборат аз 122 ҳуҷра дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз онҳост.

Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, қарореро «Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят» ба имзо расонид. Тибқи ин қарор, ба ҳайати Кумитаи тадорукот ва масъулони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ дар доираи маблағҳои сармоягузориҳои асосии мутамаркази буҷетҳои маҳаллии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, инчунин аз ҳисоби маблағҳои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ нақша-чорабиниҳо таҳия ва татбиқ намоянд.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати татбиқи саривақтии нақша-чорабиниҳои мазкур ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронидани таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар нимсола ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа ва шаҳру ноҳияҳо баргузории як силсила чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва бунёди иншоотҳо дар назар аст. Доир намудани семинару озмунҳо, таҳияи овезаҳо, қабули рамзи ҷашнвора, баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ низ дар тамоми қаламрави вилоят пешбинӣ шудааст.

То рӯзи баргузории ҷашни мазкур дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон зиёда аз 30 корхона, биноҳои истиқоматӣ, марказҳои дилхушию таълимӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Баландтарин бинои 15-ошёнаи 122-ҳуҷрадор дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази ташхисии «Қалб», мактаби таҳсилоти умумӣ барои 520 хонанда дар кӯчаи «Маданият», хонаи истиқоматии 5-ошёнаи 40-ҳуҷрадори хизматии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа, бинои МТМУ №8 дар ҷамоати шаҳраки «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар, биноҳои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияҳои Бохтар, Восеъ ва Шӯрообод, мактаби миёна барои 640 хонанда дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва ғайра аз ҷумлаи иншоотҳои ҷашние мебошанд, ки то моҳи сентябри соли 2016 мавриди мавриди баҳрабардории умум қарор хоҳанд гирифт.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА