Дар як сатр
» » Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

22-03-2015, 11:08

Ё ХУД МОМОИ ҚИМАТИ 109-СОЛА БА КӮМАК НИЁЗ ДОРАД

Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

Яке аз ойинҳои мардуми тоҷик дар фасли баҳор ва арафаи иди Наврӯз аёдати шахсони солор аст ва ҳар нафар ҳатман барои дуо гирифтан ва ба панди пирон гӯш андохтан кӯшиш менамояд, ки ин одати наврӯзиро ба ҷо орад. Бо мақсади аёдат ва ҳолпурсии зани 109-сола, сокини ноҳияи Бохтар, роҳ ба сӯйи манзили ӯ пеш гирифтем.

Ҳарчанд момои Қимат Камолова афгору нотавон шуда бошад ҳам, одоб ва меҳру муҳаббати тоҷикона аз ӯ нарафтааст. Вақте ки келину наберагонаш аз омадани мо ба наздаш хабар доданд, шод шуду бо дастони нотавонаш ишораи даъват ба хона кард. Пирӣ барои ин зани солманд бори вазнин оварда бошад ҳам, хомӯш намеистод. Ҳарф мезаду пайваста ба мо дуо медод. ӯ шукрона аз Худо мекард, ки мо - ҷавонон дар чунин шароити мусоид ва кишвари озод зиндагӣ дорем. Мақсади дуояш ҳам ин буд, ки «Илоҳӣ, ҳамеша ҳамин тавр дар кишвари ободу босубот бизиед».

Ростӣ, ҳарчанд мехостем барои шунидани пандҳои ин зани бузургсол ва аз таҷрибаи зиндагӣ бой чанд суолеро пурсон шавем, мутаассифона, аз таъсири пирӣ гӯшҳояш ношунаво шудаасту суханони моро хуб дарк накард.

Маҳина Аюбова, хоҳарзодаи момои Қимат, ки ӯро парасторӣ менамояд, аз шароити нохуби иҷтимоӣ ва хунукназарии масъулини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Бохтар, лаб ба шиква кушод.

- Зиёда аз 30 сол мешавад, ки ман Қимат Камоловаро парасторӣ мекунам, - зикр кард М. Аюбова. - Тӯли ин солҳо касе ба мо кӯмак намерасонад. Шавҳари холаам Асомиддин соли 1984 аз дунё гузаштааст. Онҳо ягон фарзанд надоранд. Аз тарафи мақомоти ноҳия танҳо ду-се маротиба 5-тоӣ нон ва як либос- ворӣ, боз чанд сол қабл як халта орд ва шакару равған оварда дода буданд. Дигар касе аз ҳоламон бохабар намешавад. Аз масъулини мақомоти давлатӣ хоҳиш дорам, ки барои нигоҳубини холаам ба мо ёрманд шаванд. Шавҳари худам маъюб аст ва писарам устои барқ буда, маошаш аз 500 сомонӣ камтар аст. Нафақапулии холаам бошад, ҳамагӣ ба 240 сомонӣ баробар аст. Ин маблағ барои таъмини якмоҳаи оила намерасад…

Қимат Камолова 25 июли соли 1906 ба дунё омадааст ва баъди оиладор шудан бо шавҳараш кори колхозро мекардаанду рӯзгори хешро пеш мебурдаанд. Мутаассифона, дар тӯли зиндагии муштарак онҳо фарзанддор нашуда, бемуттако мондаанд. Баъди аз дунё рафтани ягона такягоҳаш, яъне шавҳараш, момои Қимат танҳо монду муҳтоҷ ба парастор гардид. Акнун ягона умедаш танҳо ба давлату Ҳукумат асту халос.

Роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандонро суннати беҳтарини Наврӯз хондааст.

Умед дорем, ки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ва ҷавонмардони саховатманд ақаллан дар рӯзҳои Наврӯз ба аёдати момои Қимат Камолова мераванду аз ҳолу аҳволаш бохабар шуда, барояш дасти мадад дароз мекунанд.

Низорамоҳи ҲАМИД,
Давлатбеки КАРИМЗОД



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД , ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Одами табаррук

Одами табаррук

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо