Дар як сатр
» » Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

27-06-2018, 10:36

Суди ноҳияи Вахш як марди 60-соларо барои амалҳои зӯроварӣ дар оила ба ҷавобгарӣ кашид.

С. Файзуллозода, судяи Суди ноҳияи Вахш, зимни ироаи ин хабар ба рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки Ҳасан Бобоқулов ҳанӯз соли 1977 бо С. Бобоқулова оила барпо карда, соҳиби 8 фарзанд гардидаанд. Зану шавҳар дар пайи номуросоии бардавом дар поёни соли 2015 аз ҳам ҷудо шудаанд. «Онҳо дар як манзил, вале алоҳида зиндагӣ мекарданд. Баҳси тақсими замин аъзои ин оиларо ба сангарҳо ҷудо намуду бовуҷуди ҷудо шудан аз ҳамсар Ҳ. Бобоқулов бо ҳар баҳона С. Бобоқуловаро озор дода, нисбаташ латукӯбро низ раво медид. Нисбати ин кирдори ғайриқонунии Ҳасан Бобоқулов парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, Суди ноҳияи Вахш ба ӯ тибқи моддаи 117 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати якуним сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъйин кард. Ин ҷазоро суд шартан татбиқ накарда, ба Ҳ. Бобоқулов як сол муҳлати санҷишӣ муқаррар намуд», - афзуд С. Файзулозода. Суд ҳамчунин, барои дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудиҳо, яъне бетарафӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ ба нозирони минтақавии милитсия дастури қатъӣ дод.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

2 бародар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

2 бародар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бозгашт ба маҳбас

Бозгашт ба маҳбас

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
Нафси бад - балои ҷон!

Нафси бад - балои ҷон!

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ