Рӯзномаи Хатлон » Барои 4854 ҷойи нишасти хонанда таълимгоҳҳо сохтаанд


Барои 4854 ҷойи нишасти хонанда таълимгоҳҳо сохтаанд


Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои сохтмони иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар вилояти Хатлон 284 миллиону 382 ҳазору 700 сомонӣ масраф гардидааст.

 Тавре ки аз Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи мо иттилоъ додандбо нархҳои аслии ҷорӣ ин маблағ 51 дарсади ҳаҷми умумии маблағгузории вилоятиро ташкил медиҳад.

Аз ҷумладар моҳҳои январ марти соли ҷорӣ дар вилоят барои 4854 ҷойи нишасти талаба мактаб сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4099 ҷойи талаба бештар мебошад, - қайд намуд сарчашмаи хабар.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода