Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДӮСТӢ : БАИСТИФОДАДИҲИИ БИНОИ НАВИ МТМУ №8


ДӮСТӢ : БАИСТИФОДАДИҲИИ БИНОИ НАВИ МТМУ №8


Бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Дӯстӣ маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Ҷумъагелдӣ Ҷумъақулов барпо гардид.

Ин мактаб дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Бекмурод Холов - роҳбари хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маблағи 800 000 сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки сохтмони муассисаи таълимии мазкур дар муддати 8 моҳ ба сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бояд қайд кард, ки муассисаи мазкур дар деҳаи Ғалабаи Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл” ҷойгир гашта, масоҳати умумиаш 546 м2-ро ташкил медиҳад. Ҳолати бинои пештараи муассиса, ки соли 1936 бунёд ёфтааст, садамавӣ буда, зиёда аз 10 сол боз хонандагони муассиса ба мактаби №7, ки да масофаи ду километр дуртар қарор дорад, роҳро пиёда тай намуда, таҳсилро давом медоданд. 

Бо азму иродаи роҳбарияти хоҷагии ба номи Э. Султонов дар корҳои сохтмонӣ 28 нафар сокинони маҳал ба кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд. 

Дар муассисаи мазкур барои 260 хонанда дар як баст шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷониби маъмурияти хоҷагӣ ба 10 синфхона, утоқи кории директори мактаб ва хонаи омӯзгорон 260 курсӣ барои нишаст, 110 миз, 12 тахтаи синфӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ тақдим када шуд. 

Раиси вилоят аз синфхонаҳои муассисаи таълимии навбунёд дидан намуда, бо шароити таҳсил ва сифати таълими хонандагон шинос шуд. Хонандаи синфи 8-и муассисаи мазкур Шаҳзод Маҷидов зимни суҳбат бо раиси вилоят гуфт, ки орзуи дар оянда духтур шуданро дорад. Падари ӯ сохтмончӣ ва модараш хонашин буда, аз он ки ҳамакнун фарзандашон дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ таҳсилашро идома хоҳад дод, изҳори хушнудӣ ва сипосмандӣ мекунанд. Раиси вилоят изҳор намуд, ки барои ба муроди дил расидан бояд бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил кард. "Маҳз шумо - наврасону ҷавонон ояндасозони давлат мебошед", - афзуд ӯ. 

Зимни суханронии худ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳи муассисаи таълимиро барои хонандагон ва устодону омӯзгорон туҳфаи арзандаи идона дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, ба ин муносибат ҳамаи омӯзгорону хонандагон, падару модаронро самимона табрик гуфт.

Қайд гардид, ки шумораи умумии хонандагони мактаб 339 нафар буда, ба онҳо 39 нафар омӯзгорон (аз ҷумла 29 нафар занон) бо забонҳои тоҷикӣ ва туркманӣ таълим медиҳанд.

Изҳори умедворӣ шуд, ки бо фароҳам овардани чунин шароити муносиб барои гузаронидани машғулиятҳо минбаъд омӯзгорон барои дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намудани кӯдакону наврасон дучанд заҳмат кашида, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос ва ҷиҳати васеъ гардонидани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд. 

Таъкид гардид, ки ҳамакнун бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди миллӣ мебошад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иқдоми мактабсозии соҳибкори ватандӯстро шоистаи таҳсин хонда, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода