Дар як сатр
» » Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

6-03-2015, 17:18

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани ТоҷикистонБори нахуст дар таърихи беш аз садсолаи роҳи оҳани Тоҷикистон китобе бо забони тоҷикӣ - «Қоидаҳои истифодабарии техникии роҳи оҳан» ба нашр расид.

Аҳмадҷон Ализода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки собиқаи бисёрсолаи кор дар ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро дорад, китоби «Правила технической эксплуатации железных дорог»-ро аз забони русӣ ба забони давлатӣ тарҷума кардааст.

Агарчи роҳи оҳани тоҷик таърихи аз як аср фузунтар дошта, дар ҳаёти мардуми тоҷик кайҳо мақоми бебадали худро касб кардааст, то имрӯз ягон адад аз теъдоди зиёди адабиёти техникӣ бо забони давлатӣ - тоҷикӣ барои соҳаи роҳи оҳан тарҷума нагашта буд.

Китоби мазкур тибқи қарори Шӯрои техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасдиқ ва барои истифода тавсия шудидааст.

Аз нигоҳи тарҷума китоби мазкур кори тоза буда, барои кормандони соҳаи роҳи оҳан ва донишҷӯён ҳамчун адабиёти таълимӣ ва дастури корӣ хизмат хоҳад кард.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА