Дар як сатр
» » Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

6-03-2015, 09:50

Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни дастаҳои занона ҷараён дорад, ки ба Рӯзи модар бахшида шудааст. Вилояти Хатлонро дар ин мусобиқа 3 даста намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои Дилором Нусратуллоева, масъули шуъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ҳамагӣ 5 даста ширкат меварзанд. Дар баробари дастаҳои «Зебо» (аз ноҳияи Ҷиликӯл), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Барқ» (Норак) ҳамчунин дастаҳои «Ласточка» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) миёни ҳам рақобат мекунанд. Давомнокии ҳар як бозӣ 50 дақиқа муқаррар шудааст.

Пас аз се даври мусобиқа тими «Ласточка» аз пойтахти кишвар, ки онро мураббии маъруф Сулаймон Бобокалонов тамрин медиҳад, бар ҳарифонаш аз вилояти Хатлон дастболо шуда, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст.

Дастаи бонувони ҷиликӯлӣ «Зебо», духтарони «Вахш» ва тими бонувони футболбоз аз Норак «Барқом» ҳар яке 3-имтиёзӣ ба даст оварда, дар мақомҳои дуюм, сеюм ва чаҳорум қарор доранд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳанӯз ягон имтиёз ба даст наовардааст.

Имрӯз, 6 март, духтарони ҷиликӯлӣ бо ҳамтоёни қӯрғонтеппагии худ ва «Барқ»-и Норак бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунанд. Даври панҷуми мусобиқот фардо, 7 март, баргузор шуда, ба тимҳои ғолиб Ҷом ва ҳадяҳои ФФТ тадқим карда мешавад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад

15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА