Дар як сатр
» » Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

3-03-2015, 13:50

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»Ба ифтихори Рӯзи модар – 8 март - дар шаҳри Кӯлоб озмуни «Шукуфаҳои баҳор» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Кӯлоб ба хотири Соли оила эълон шудани соли 2015 миёни муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳр доир шуд.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Кӯлоб, ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҳунар, эҳёи урфу одат ва суннатҳои мардумӣ буда, иштирокчиён аз рӯйи нуҳ шарт аз назарсанҷии ҳакамон гузаштанд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барандаи озмуни «Шукуфаҳои баҳор» эълон шуданд. Ҷойи дуюм насиби донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва мақоми сеюм насиби шуъбаи маорифи шаҳр гашт.

Ғолибони озмун бо туҳфаҳои молии мақомоти иҷроия қадршиносӣ шуданд. Маросими эълони ғолибон ва супоридани туҳфаҳо дар рӯзи таҷлили Рӯзи модар барпо хоҳад шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Хабарҳо
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Данғара: Озмуни алласароӣ

Данғара: Озмуни алласароӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Озмуни асарҳои драмавӣ ба ифтихори «Соли оила»

Озмуни асарҳои драмавӣ ба ифтихори «Соли оила»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА