Дар як сатр
» » Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва Бохтар

Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва Бохтар

2-03-2015, 11:07

Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва БохтарДар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа, Вахш ва Бохтар номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пирӯз шудаанд.

Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва БохтарГенерал Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, дар ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 раъйи беш аз 77 дарсади интихобкунандаҳоро ба даст оварда, вакили парлумони Тоҷикистон интихоб шудааст. Рақибони ӯ дар ин ҳавза Саидҷаъфар Туйдиеви 30-сола аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҷонона Холбобоева аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон буданд.

Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва Бохтар

Дар ҳавзаи Вахш-№32 номзади ҲХДТ Бахтовар Сафаров, ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо касби қариб 90 фоизи овозҳо дастболо шудааст. Бахтовар Сафарови 32-сола номзади илми ҳуқуқ ва устоди факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад. Тибқи маълумотҳо, Бахтовар Сафаров ҷавонтарин вакили парлумони касбӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад буд.

Пирӯзии номзадҳои ХҲДТ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа, Вахш ва БохтарДар ҳавзаи Бохтар, ки беш аз 98 ҳазор интихобкунанда дошт, генерал Тоҳир Ҷобирзода, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, низ бо касби 85 дарсади раъйи мардум барандаи интихобот шудааст.

Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтаанд, ки натоиҷи муқаддамотии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ имрӯз соати 11:50 эълон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 март 83%-и интихобкунандаҳо иштирок кардаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Сиёсат, Хабарҳо