Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАЪСИСИ МАРКАЗИ МАВЛОНОШИНОСӢ


ТАЪСИСИ МАРКАЗИ МАВЛОНОШИНОСӢ


Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба таъсисёбии Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақоми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди илму адаби форсу тоҷик» баргузор гардид. Дар он Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд. 

Дар оғоз Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, қайд намуд, ки «Маркази илмӣ - тадқиқотии “Мавлоношиносӣ» дар маркази вилояти Хатлон ҳамчун макони муқаддас ва эҳтиром ба гузаштагон дар ташвиқу тарғиби бузургони миллат ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон заминаи боэътимод мегузорад. 

Сипас,  Фирӯза   Шарифӣ,  муовини  раиси вилояти Хатлон, сухани табрикии худро бахшида ба таъсисёбии Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” расонида, барои иштирокчиёни конференсия муваффақият хост. 

Дар конференсия оид ба “Вижагиҳои маҷозӣ ва услубии воҳидҳои фразеологии ғазалиёти Ҷалолиддини Балхӣ”, тариқи онлайн маърӯзаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Маҳмаддовуд шунида шуд.  

Ҳамчунин, оид ба “Қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» дар ҳафт шаҳри ишқи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” маърӯзаи доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнй Элбоев Вафо,  “Маълумоти аввалин шарҳи «Маснавии маънавӣ» дар бораи Хоҷа Абулвафои Хоразмӣ” маърӯзаи профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Султони Тоҷибой, “Назаре ба мафҳуми най дар  Маснавии маънавии Мавлавӣ” маърӯзаи профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Тағоймуродов Рустам, “Таносуби андешаҳои Мавлоно ва Носири Хусрав” маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Беҳронов Ҷумъа шунида шуд.

Рафти конференсияро ҳайати профессорону омӯзгорони дигар донишгоҳҳо низ тариқи онлайн тамошо намуда, дар баҳси илмӣ ширкат варзиданд.

 Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода