Дар як сатр
» » Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

25-02-2015, 17:24

(савол ба он нафаре, ки худро узви ҲНИТ кардааст)


Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?Бо тақозои зиндагӣ дар шаҳри Душанбе дар меҳмонии яке аз дӯстон қарор доштем. Гирди дастархон олим ҳам буд, адиб ҳам, рӯзноманигору корманди мақомоти ҳифзу ҳуқуқ ҳам, муаллиму духтур низ буданд.

Суҳбат, ки дар мавзӯъҳои зиндагӣ ва рӯзгордорӣ ҷараён дошт, якбора шакли сиёсиро гирифт. Яке аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сар мекарду дигаре фаъолияти кормандони сохторҳои мамлакатро ба миён мегузошт. Оҳиста-оҳиста мавзӯи суҳбат дар доираи ҳизбҳои сиёсии дар кишвар амалкунанда қӯр гирифт. Ҳар кадом аз баҳскунандагон дар асоси маълумотҳои доштааш ва нуқтаи назари худ ба фаъолияти ин ё он ҳизби сиёсӣ баҳогузорӣ мекард.

- Дар ноҳияи шумо низ ҳамин партияҳо ҳастанд? - нохост яке аз меҳмонон, ки ӯро чанд дафъа акаи Шариф ном бурданд, ба мо суол кард.

- Бале, дар ноҳияи мо ташкилотҳои ҲКТ, ҲНИТ, ҲХДТ ҳастанд, аммо фаъолияти ҲНИТ-ро ғайри аъзоёнаш дигар касе пайхас намекунанд, - ҷавоб додам.

- Чи хел розӣ шудед, ки як ҳизби ба дарди мардум намерасидагӣ, як ҳизби беамал, ҳизбе, ки мавқеашро дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ намеёбад, ҳизбе, ки рӯшод фаъолият карда наметавонад, ҳизбе, ки намедонӣ чӣ мақсад дорад, дар ноҳия таъсиис дода шавад? - тааҷҷуб кард ӯ.

- Ташкилоти ҲНИТ дар ноҳия бо хосту талаби онҳое, ки аз фарҳанги сиёсӣ дур буданд, таъсис ёфтааст. Онҳо хаёл доштанд, ки ин ҳизб қуръону алифбои арабиро меомӯзонад. Онҳо ба ин ақида буданд, ки ба ин ҳизб шомил шаванд, дину диёнаташон мустаҳкам мешавад, - гуфтам дар ҷавоб.

- Аҷаб мардуми соддае дорем. Касе чизе гӯяд, бовар мекунем, аз қафояш меравем. Оё мардум воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд. Магар ҳамун ҲНИТ-чиён набуданд, ки мардумро ба муқобили якдигар шӯрониданд?! О, бе ҳамин ҳизб мардуми мо чи қадар нобиғаҳо ва уламои исломро ба дунё овард. Қариб ҳамаи имомҳо, ҳамаи хоҷаҳо дар сарзамини мо дафн шудаанд-ку? Магар барои Қуръонро омӯхтан, намоз хондану рӯза гирифтан ҳизб лозим аст? – боз суол кард акаи Шариф ва илова намуд: - Аз маҳаллаи мо ҳам чанд нафар аъзои ҳамин ҳизб буданд ва вақте фаҳмиданд, ки хатое кардаанд, онро тарк карданд. Аслан, росташро гӯям ва ин ақидаи шахсии ман аст, на ҳамаи мардуми мо ба моҳияти бисёрҳизбӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ дуруст сарфаҳм мераванд. Дар Русия ҳизбҳои зиёде фаъолият мекунанд. Кушод, рӯирост якдигарро дар ҳаллу пешбурди масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг чунон аз «элак мегузаронанд», ки кас гумон мекунад имрӯз ё пагоҳ дар он ҷо ҷанг мешавад. Аммо вақте масъалаи миллӣ, амнияти кишвар, ҳимояи марзу бум, обрӯи давлат ва нуфузи он меравад, ҳамаи ҳизбҳо як мешаванд. Даст ба дасти якдигар ва сардори давлаташон медиҳанд. Дар мо чӣ? Аз таги нохун чирк кофтану ба осиёби душманон об рехтанро доранд. Ҳамин ки дар хориҷи кишвар шуданд ва ё хориҷиеро ёфтанд, санги маломат ба давлату Ҳукумати худ мезананд. Наход мардуми мо то ҳозир аз найрангҳои Ҳоҷӣ Тӯраҷонзода ва муридонаш бохабар нашуда бошад?! Дар кадом асос мо Д. Атовуллоро ҳамватану ҳаммилати худ ҳисоб намоем, вақте, ки ӯ аз ин ватану аз ин миллат кайҳо рӯ гардонидаву риёкорӣ мекунад? Охир ҳамин наҳзатиён набуданд, ки кишварро ба ҳавзи хуни шаҳрвандонаш табдил доданд ва захми оташи сардодаи онҳо ҳанӯз табобат нафтааст?!...

Акаи Шариф гап мезаду ҳасрат мекард. Ҳасрат аз маърифати пасти баъзе мардум, бахусус ҷавонон, аз бетарафӣ, аз надоштани зиракии сиёсии онҳо.
Суханҳои ӯро гӯш мекардаму хаёлам ба нафароне банд буд, ки узвияти ҲНИТ-ро дар ташкилоти ноҳиявӣ доштанду онро тарк гуфтанд. «Ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки ташкилоти ҲНИТ дар ноҳияи мо қариб ташкилоти оилавӣ ё гуфтан мумкин, ташкилоти пайвандону наздикони роҳбарону фаъолони он мебошанд», - гуфта буд яке аз онҳое, ки аз ҲНИТ бе хайру хуш баромад.

Бале, оне ки фаъолияти ташкилоти ҲНИТ-ро дар ноҳия таҳлил карда метавонист, оне ки ба дарди мардум, ҷомеа, кишвар, нарасидани ин ҳизбро дарк ва оқибати хуб надоштанашро дар узвияти он ҳис кард, аз он баромад. Аммо гумроҳшудагон ҳанӯз ҳастанд, хеле камшумор ҳам бошанд. Пас, онҳо дар оянда кӣ мешаванд? Ана ҳамин савол имрӯз ҷавоби аниқ мехоҳад. Аммо кӣ ҷавоби инро медиҳад, раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ ё он аъзои қаторие, ки ҳоло бо ваъдаҳои роҳбарони болоияшон даҳон ширин карда истодаанд?!

Тағай ИБРОҲИМОВ,
муҳаррири рӯзномаи «Зафар»-и ноҳияи
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Сиёсат, Хабарҳо
ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳизб агар нотавон бошад...

Ҳизб агар нотавон бошад...

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвони ...

Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвони ...

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА