Дар як сатр
» » Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

16-02-2015, 10:03

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

14-15 феврали соли ҷорӣ дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб намоиш-фурӯши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳо баргузор гардид.

Дар чорабиниии мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппа Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, Қосим Роҳбар, вазири кишоварзӣ ва дар шаҳри Кӯлоб Қурбонбой Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилоят, ширкат варзиданд.

Намоиши ниҳолҳо дар ХатлонДар ин намоишгоҳҳо хоҷагиҳои ниҳолпарвар аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ниҳолҳои сертификатсияшудаи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тухмии гулу гулбуттаҳо ва зироатҳои кишоварзиро ба ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ, соҳибкорони хусусӣ ва мардуми алоқаманд бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Дар ҷараёни ин намоишгоҳ олимону мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ ба харидорон, боғпарварон, кишоварзон ва масъулони хоҷагии ҷангал оид ба парвариш ва сабзонидани дарахтон, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода ба ниҳолпарвароне, ки ба парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ, гулу гулбуттаҳо ва тухмиҳои хушсифату ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршуда машғуланд, ҳадяҳо ва ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим кард.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ