Дар як сатр
» » Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

14-02-2015, 13:26

Солҳои охир дар вилояти Хатлон мавридҳои зиёди нақзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон ба мушоҳида мерасад, ки мояи нигаронии мақомоти давлатӣ ва ҷомеашиносон шудааст. Иҷборан ба шавҳар додани духтарони ноболиғ як далели бебаҳси поймолшавии ҳуқуқи онҳост, ки дар бештари маврид аз ҷониби волидайн нақз мешавад.

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Хушунат алайҳи беш аз 100 духтари ноболиғ

Созмони ҷамъиятии «Ғамхорӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз беш аз сад мавриди зӯроварӣ нисбат ба духтарони ноболиғ дар оилаҳо ва нақзи ҳуқуқи онон хабар медиҳад. Дар ҳоле, ки мақомоти давлатӣ вуҷуди зӯроварии хонаводагӣ нисбат ба кӯдакон ва ё поймол шудани ҳуқуқи онҳоро рад мекунанд, масъулони ин созмони ҷамъиятӣ иддао доранд, ки кӯдакону наврасон аз қишрҳои бештар аз ҳама осебпазири ҷомеа мебошанд.

- Фақат бо духтаракони аз 10 то 18-сола, ки мавриди хушунату беҳуқуқӣ қарор гирифтаанд, кор кардем, се нафарашон ба интернат равон карда шуданд ва бо боқимондаашон дар хонаҳо фаъолият бурдем, - Шоҳсанам Қарабоева, корманди иҷтимоии созмони «Ғамхорӣ». - Мутаассифона, кӯдакон дар оилаҳо низ гирифтори зӯроварӣ гардида, аз беҳуқуқиашон ҷабр мебинанд. Масалан, агар ба маркази мо 1191 нафар зани ҷабрдида муроҷиат карда бошад, ҳар яке аз онҳо ақаллан 1 фарзанди ноболиғ доштанд, яъне боз ҳам ҳуқуқу манфиатҳои ҳамин кӯдакон нодида гирифта шудааст ва онҳо ба ҳифозат низ доранд».

Ҳуқуқҳои фитрии кӯдакон аз чӣ иборат аст?

Ҳуқуқ ба инкишоф, ҳуқуқ ба ҳимоя, ҳуқуқ ба иштирок, ҳуқуқ ба таҳсилот, ҳуқуқ ба озодии амал, ҳуқуқ ба шиканҷа нашудан, ҳуқуқ ба сатҳи зарурии зиндагӣ, ҳуқуқ ба он, ки назари шахсии кӯдак дар масъалаи ба ӯ дахлдошта ба инобат гирифта шавад, ҳуқуқ ба ҳимоя аз истисмори иқтисодӣ – ин ҳама аз ҳуқуқҳои фитрии кӯдакон буда, тибқи Сарқонуни Тоҷикистон ва Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд».

Дар Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак чаҳор принсипи асосӣ зикр шудааст:
Моддаи 2 – ҳамаи ҳуқуқҳо бидуни ягон табъиз ба кӯдакон кафолат дода мешаванд;
Моддаи 3 - таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд ба риояи манфиатҳои кӯдак равона карда шавад;
Моддаи 6 – ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳаёт, зинда мондан ва инкишофро дорад;
Моддаи 12 – назари шахсии кӯдак дар ҳар масъалае, ки ба ӯ дахл дорад, бояд ба инобат гирифта шавад.

Тибқи моддаи 3-и ҳамин конвенсия, дар ҳамаи иқдомоти вобаста ба кӯдакон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа пеш аз ҳама ба риояи манфиатҳои кӯдак равона мешавад, сарфи назар аз он ки ин иқдомотро кӣ пешкаш кардааст - муассисаи давлатӣ, хусусӣ, таъминоти иҷтимоӣ, додгоҳҳо, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ. Моддаи 4 аз давлатҳои ширкаткунанда тақозо мекунад, ки барои амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия эътирофшуда тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро қабул кунанд.

Аммо вақте ки аз Умарҷон Сафоев, корманди масъули бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, пурсидам, ки тайи як соли охир чанд мавриди нақзи ҳуқуқи кӯдакон ба қайд гирифта шудааст ва ба хотири ҷилавгирӣ аз поймолшавии ҳуқуқи онҳо (ба ҷуз корҳои фаҳмондадиҳӣ) чӣ тадбирҳои мушаххасе анҷом дода мешаванд, вай гуфт, ки дар посух ба ин савол оҷизӣ мекашад.

Муҷозоти 16 модаре, ки духтари ноболиғашонро ба шавҳар додаанд

Ба гуфтаи коршиносон, иҷборан ба шавҳар додани духтарони ноболиғ як далели бебаҳси поймолшавии ҳуқуқи онҳост, ки дар бештари маврид аз ҷониби волидайн нақз мешавад. Ин ҳам як навъи хушунат аст. Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, танҳо дар як соли охир 16 падару модар дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо иттиҳоми ба шавҳар додани духтарони ноболиғашон ба муҷозот кашида шудаанд.

Саодат (исми мустаор), ҷавонзани 18-сола аз ноҳияи Қумсангир, аз ҷумлаи ҳамин гуна духтарони ҷабрдида аст, ки ду сол қабл, ҳини 16-солагиаш, бо шиносномаи қалбакӣ, иҷборан ба шавҳар дода шудааст. Ҳоло ӯ бо тифли рӯйи дасташ дар чорсӯи зиндагӣ музтар мондааст.

- Розӣ набудам барои шавҳар кардан, аммо фикри маро касе напурсид, - қисса мекунад Саодат. – Бароварда ба ҷавоне, ки писанди волидонам шуда буд, ба шавҳар доданд. Ақаллан, аввал насанҷиданд, ки чӣ гуна оила аст, маҷбур доданд маро. Сарфаҳми назокатҳои зиндагӣ намерафтам, кӯдак будам. Бо дугонаҳоям дар кӯча бозӣ мекардам, ки пайвандонам маро ба хона хонда, пироҳани зебо пӯшониданд ва ба хонаи шавҳар бурданд. Бидуни кадом омодагии хос ба рӯзгордорӣ, ба зиндагӣ дар оилаи нав. Ҳоло ду сол мешавад, ки оиладорам, фарзанд дорам, аммо хушдоманам 10 бор шуд маро аз хонааш меронад. Мегӯяд, ки ту омода нестӣ ба зиндагӣ, корҳои хонаро хуб анҷом намедиҳӣ, бирав аз хона, то ки ман арӯси нав биёрам…

Шиносномаи қалбакӣ – гувоҳи балоғати духтар?

Азбаски қонунгузории Тоҷикистон ба шаҳрвандон танҳо дар сурати расидан ба 18-солагӣ ҳуқуқи издивоҷ карданро медиҳад, дар музофотҳои кишвар мавридҳое ҳам ба мушоҳида мерасанд, ки волидон барои духтарони ноболиғи худ шиносномаи тақаллубӣ гирифта, дар он синну соли духтарро болиғ нишон медиҳанд, то ки мақомоти расмӣ никоҳи ӯро ба қайд гиранд.

Ҳар сол аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон чандин мавриди бо шиноснома ё пасспортҳои қалбакӣ издивоҷ кардани духтарони ноболиғи аз 14 то 16-сола ошкор шуда, нисбат ба волидони онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ мегардад.

Малоҳат Усмонова, равоншиноси Маркази буҳронии занони шаҳри Қӯрғонтеппа, аз сарнавишти духтари дигари ноболиғе қисса кард, ки иҷборан ба шавҳар дода шуду мавриди азият қарор гирифт ва он ҳам бо шиносномаи тақаллубӣ.

- Ин духтарак сағира буд, дар тарбияи бибияш, дар хонаи иҷора ва шароити начандон хуби иҷтимоӣ ба воя расидааст, - гуфт М. Усмонова. – Барояш хостгорӣ омадаанд ва тарафи қудо (хушдоманшаванда дар мақомоти судӣ кор мекардааст) маслиҳат додааст, ки пасспорти нав гирифта, синну соли духтарро болиғ нишон диҳед, то ки ӯро келин кунем. Ҳоло бошад, ин духтаракро, ки ду дафъа бо амри хушдоманаш исқоти ҳамл кардааст, барои «камбудиҳояш дар антом додани корҳои хона» аз хона пеш кардаанд. Хушдоманаш таҳдид кардааст, ки агар ба ҷое шикоят барӣ, тую бибиатро барои шиносномаи қалбакӣ сохтанат ба ҷавобгарӣ мекашем, даъво накун.

Тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, «ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби волидайн ва ё ашхосе, ки духтар таҳти васояти онҳост, манъ буда, бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол, ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ ҷазо дода мешавад».

…Аммо чаро волидон ин талаботи қонунро ба инобат нагирифта, талош мекунанд, духтарони худро сарфи назар аз ин ки омодаи ҳаёти мустақилона нестанд, ҳанӯз ба балоғат нарасида, ба шавҳар диҳанд?

Туҳфа Аҳмадова, коршиноси масоили гендерӣ, дар ин иртибот мегӯяд: «Мутаассифона, хеле ҷавон ва гоҳе ноболиғ ба шавҳар додани духтарон ба ҳукми анъана даромадааст. Агар ба духтари ноболиғ хостгор омад, падару модараш ифтихор мекунанд, аммо андеша намекунанд, ки духтарашон ба зиндагии мустақилона ҳанӯз омода нест, бояд таҳсил кунад, омӯзад. Падару модареро медонам, ки духтарашонро аз синфи 9-ум гирифта, ба шавҳар доданд. Гӯё ки вай нонхӯри зиёдатӣ бошад».

Вакили парлумон мухолифи никоҳҳои барвақтист

Ба иддаои таҳлилгарон, ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ва умуман, никоҳҳои барвақтӣ, дар аксар маврид ба вайроншавии оилаҳо ва болоравии сатҳи бедонишию камбизоатӣ дар ҷомеа оварда мерасонад. Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки то 18-солагӣ боло бурдани синни никоҳӣ дар кишвар маҳз бо таваҷҷуҳ ба афзоиши мизони азҳампошии оилаҳо ва ноомодагии ҷисмонию зеҳнии ҷавонон сурат гирифтааст.

- Аз таҷрибаи зиндагии садҳо ҷавондухтарон, аз ҷумла фарзандони худам, ки барвақт ба шавҳар дода будам, мебинаму хулоса мекунам, ки духтарон бояд нахуст маълумоти олӣ дошта бошанд, - зикр кард С. Амиршоева. - Ҳунар омӯзанд, ҳурмату иззатро ёд гиранд, дар зиндагӣ мустақил буда тавонанд. Пас аз он ба шавҳар бароянд, то ин ки дар зиндагиашон ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо шавад, бо шавҳару хушдоманашон муносибати хуб сохта тавонанд. Ин гуна духтарон, Худо нахоста, агар аз ҳамсарашон ҷудо шаванд ҳам, нони худашонро ёфта метавонанд.

Ба иддаои С. Амиршоева, ҳанӯз ҳам ин мавзӯъ актуал буда, зарур аст, ки вакилони парлумони кишвар дар оянда мавзӯи то 20-солагӣ боло бурдани синни никоҳӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ бигиранд.

Домодҳои 16-сола - тамоюли нав дар Хатлон?

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Хатлон тамоюли дигари қобили мулоҳизае ба мушоҳида мерасад, ки натанҳо духтарони ноболиғ, балки писарони 16-17-соларо ҳам иҷборан оиладор мекунанд. Агар як сабаби издивоҷи бармаҳал эҳсоси хатар ба амнияти наврасон, бемактабӣ ва надоштани шароит барои таҳсил ва шуғл, ҷилавгирӣ аз косташавии ахлоқи бачаҳои деҳот унвон шавад, аз сӯйи дигар волидон ба ин васила мехоҳанд писаронашонро дар канори худ нигоҳ доранд, то дар оянда онҳоро парасторӣ кунанд.

Ба қавли Саидисмоил Сатторзода, рӯҳонии тоҷик, ислом издивоҷи бармаҳалро нодуруст намешуморад, аммо шарт ин аст, ки ҷавонон ҷисман ва рӯҳан омодаи оиладорӣ бошанд.

- Чӣ бачаҳо бошанд ва чӣ духтарон, дар синни 16-солагӣ ҳанӯз омодаи оиладорӣ нестанд, - идома дод С. Сатторзода. - Ин синну сол аслан ибтидои балоғат аст. Мо ин гуна издивоҷро аз рӯйи фаросату ақл ҳам иҷоза намедиҳем. Хубтар аст, ки ин айёми наврасӣ бо омӯхтани илму ҳунар, таҳсил дар мактабҳои олӣ сипарӣ шавад, писарону духтарон маданияти оиладорӣ, ҳусни тафоҳумро омӯзанд. Беҳтарин замони бастани ақди никоҳ барои ҷавондухтарон аз синни 18 болост. Барои писарбачаҳо аз синни 23 ба болост.

Саидраҳмон Назриев, ҷомеашиноси маҳаллӣ, бар ин ақида аст, ки дар шароити музофот аксари волидон овардани арӯс ба хонадонро ба унвони «чангак» истифода мекунанд. Яъне писари худро, ки ба хатми мактаби миёна наздик шуд, ба хотири он, ки падару модарро раҳо накунад, ё ба муҳоҷирати корӣ рафта, бедарак нашавад, зудҳангом оиладор мекунанд, то ба бозгашт ба хонадони падар моил бошад.

- 16-сола ҳанӯз кӯдак аст, - мегӯяд С. Назриев. - Вақте кӯдак худаш падар мешавад, маълум аст, ки тифли навзод ояндаи рӯшану аз ҳар лиҳоз таъмин нахоҳад дошт ва хубу шоиста тарбия нахоҳад шуд. Навраси 16-сола худаш ба тарбия ва контролу раҳнамоии волидон ниёз дорад, худаш дар «переходной возраст» қарор дорад, ба амалу рафтораш масъул ва пурра ҷавобгӯ буда наметавонад.

Пайомадҳои ногувори издивоҷи бармаҳал

Ин ҳам дар ҳолест, ки ислом издивоҷи маҷбуриро дуруст намешуморад ва аз никоҳе, ки бо ҷонибдорӣ ва ризоияти писару духтар ва волидони онҳо анҷом мешавад, истиқбол мекунад.

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?
Азҳампошии оилаҳои ҷавон яке аз пайомадҳои издивоҷи барвақтӣ мебошад. Танҳо дар чанд соли охир дар деҳае дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар дастикам 47 ҷавондухтаре, ки пеш аз 18-солагӣ издивоҷ карда будаанд, ба манзили волидонашон баргаштаанд. Саидисмоил Сатторзода, аз пешвоёни рӯҳонии ин деҳа, мегӯяд:

- Дар қишлоқи мо 47 нафар ҷавонзаноне ҳастанд, ки ба ҳар сабаб аз шавҳаронашон ҷудо шудаанд. Шояд дар ҳар сеюмин манзил як зане бошад, ки баъди талоқ гирифтан аз шавҳараш ба хонаи падар баргаштааст. Аксаран ин духтарон 18-20-сола ҳастанд, яъне хеле барвақт, ҳанӯз ба синни никоҳӣ нарасида, ба шавҳар дода шудаанд. Хаёл мекунам, ки ба азҳампошии оилаи онҳо бетаҷрибагии ҷавондухтарони барвақтникоҳ сабаб шуда бошад. Агар духтар аввал ақлу фаросаташ расо шавад, тарбияи хуб гирифта бошад, урӯҳану ҷисман омодаи оиладорӣ шуда бошад, ба қадри оилаю оиладорӣ бирасад ва ба эҳтироми шавҳару пайвандонаш тайёр шавад, баъдан издивоҷ кунад, беҳтар аст.

Пири рӯзгордида Сафаралӣ Файзалиев, ки 91 сол дорад, низ ба ҳамин ақида аст, ки шумораи бисёр ками издивоҷҳои барвақтӣ то ба охир пойдор мемонад.

- Замони ҷавонии мо ҳам агар духтарро барвақт ба шавҳар медоданду давлат инро мефаҳмид, волидонашро ҷазо медод, - ба ёд меорад бобои Сафаралӣ. - Сатҳи баланди маргу мири кӯдакону модарон ҳам шояд ба ҳамин сабаб буд, ки духтарон барвақт шавҳар мекарданд. Барои ҳамин, беҳтараш баъд аз 18-солагӣ издивоҷ кунанд, то ки саломатиашонро ҳифз кунанд. Баъзе духтарони ҳозира агар ҷисман омодаи издивоҷ бошанд, тарбияи гирифтаашон барои бунёди оила кофӣ нест, эрка, беақл ҳастанд. Барои ҳамин, набояд саросема шаванд.

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҳам бо такя ба пажуҳишҳои худ мегӯянд, сабаби то 50 дарсад афзудани талоқҳо маҳз ба издивоҷи барвақтӣ марбут аст. Латофат Чориева, коршиноси масоили гендерӣ, бар ин назар аст, ки надоштани таҷрибаи кофӣ дар оиладорӣ, издивоҷи ғайриихтиёр, мудохилаи волидон ба рӯзгордории навхонадорон сабаби аслии азҳампошии оилаҳои ҷавон мебошад.

- Волидайни чӣ духтар ва чӣ писар, талош мекунанд, ки ҳарчи тезтар рисолати ба дӯшдоштаашон, яъне оиладор кардани фарзандонашонро ба иҷро расонанд, - мегӯяд Л. Чориева. - Мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки духтарро барвақт ба шавҳар диҳанд, ҳамчунин баъзеҳо ба хотири ин ки писарашон ба артиш ҷалб карда нашавад, зуд оиладор мекунанд. Аммо масъалаи муҳимтар аз анҷоми рисолати волидайн – мутмаин шудан ба омодагии ҷавонон ба оиладорӣ аст. Тоҷикистон майдони таҷрибаҳо барои фарҳангҳои ғарбию шарқӣ шудааст. Одамони пойбанд ба ақидаҳои мазҳабӣ бар ин назаранд, ки «духтар – моли мардум» ва ҳарчи зудтар масъулияти парвариши ӯро аз сар соқит мекунанд.

Коршиносон таҳсили ҷавононро дар мактабҳои олӣ ё омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ қабл аз издивоҷ, амри ҳатмӣ медонанд, чун ҳунармандӣ ва босаводии зану шавҳар боиси таҳкими пояҳои оила мегардад.

Ба ҷойи охирсухан

Тибқи қонунҳои байналмилалӣ, нафари то 18-сола ноболиғ ва кӯдак маҳсуб мегардад. Мо, бузургсолон, бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки кӯдакон шахсиятҳои ҷудогона мебошанд, онҳо гоҳе эҳтиёҷманду вобастаи дигаронанд. Дигаргуниҳои ҷомеа ба кӯдакон таъсири ногаҳонӣ ва номутаносиб мегузорад. Биноан, рушди солими кӯдакон барои ҳамагон манфиатовар аст.

Кӯдакони донову таълимдида ба ҳамагон фоида меоранд.

Аммо муносибати бераҳмона бо кӯдакон, иҷборан ба шавҳар додани духтарони ноболиғ проблемаи паҳншуда дар асари кишварҳои ҷаҳон буда, воқеан боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Поймолкунии ҳуқуқи ноболиғон ва истифодаи зӯроварию фишори равонӣ боиси бад гардидани вазъи умумии саломатии онҳо ва коҳиши рушди зеҳнию маънавияшон гардида, пайомадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт.

Тибқи кодекси оилаи Тоҷикистон, шаҳрвандон танҳо пас аз расидан ба 18-солагӣ ҳуқуқи бастани ақди никоҳро пайдо мекунанд. Аммо, дар баъзе маврид волидон хостаҳои фарзандони худро ба инобар нагирифта, бо мақсади ҳарчи зудтар аз сар соқит кардани, ба истилоҳ, «қарзи падарӣ», онҳоро ба шавҳар медиҳанд.

Шояд онҳо хабар надоранд, ки бо чунин амал ҳуқуқи фарзандашонро поймол мекунанд: Ҳуқуқ ба инкишоф, ҳуқуқ ба интихобу озодии амал ва ҳуқуқ ба зиндагии шоиста.

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Пирдухтар...

Пирдухтар...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»

«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ