Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МЕҲРИ ВАТАНУ МОДАР МЕПАРВАРАД


МЕҲРИ ВАТАНУ МОДАР МЕПАРВАРАД


Раҷабмоҳ ба синни ҳафт расида буд, ки модараш онҳоро падруд гуфт ва тарбияву нигоҳубинаш ба зиммаи апаи калониаш Меликой гузашт. Ӯ хоҳарашро то соли 1958 парасторӣ намуд, баъдан  интернати ноҳия Раҷабмоҳро ба оғӯши худ гирифт. Мақсади кушодани интернат он буд, ки  диққати бештари духтарон  ба омӯзиш ҷалб карда  шавад. Раҷабмоҳ Раҳматулоева, Маъмурой, Нозукой Холоваҳо, Ҳалима Садриддинова, аз   ҷумлаи он духтароне буданд, ки баъди хатми интернати мактаби миёнаи №1, ба номи  М. Горкий (ҳоло ба номи  Борон Назуров) мақсади дар  мактабҳои олӣ   таҳсил карданро  доштанд. Вале Раҷабмоҳро падараш баъди хатми мактаби миёна ба шавҳар дод. Орзуи хондану маълумоти олӣ гирифтан солҳои 1977-1983 ба Раҷабмоҳ насиб гардид. Факултети таърихи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро хатм намуд. 

 Ӯ ёдовар мешавад,  ки  дар чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ духтарони   интернат фаъолона  иштирок мекарданд. Дар фестивал-азназаргузаронии ҳаваскорони санъат, ки дар ҷумҳурӣ мегузашт, Мамлакат Бобоҷонова, Хосият  Бӯриева ва худи ӯ  дар рақси чорзарб  ҷои аввалро   соҳиб шуданд.

Фаъолияти кориашро аз китобдори китобхонаи ноҳиявӣ соли 1966 шурӯъ намуда, дар давоми 54 соли кориаш  самарабахш хизмати китобдӯстонро  кардааст. Соли 1993 мудири шуъбаи  иҷтимоӣ, баъдан, муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова ва баъди  ба нафақа баромадан  аз соли 2001 мудири  боғчаи   бачагонаи деҳаи Навкорам таъйин гардид. Дар кадом вазифае, ки Раҷабмоҳ кор кардааст ӯро  мардум   чун   роҳбари  ғамхору  серталаб ва модари  мушфиқ мешиносанд.

Кори давомноку самаранокаш бо грамотаю сипосномаҳо қадр карда шудааст. Аз ҷумла, бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР оид ба гузаронидани маракаи барӯйхатгирии аҳолӣ. Медали 100-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида  шудааст.

Раҷабмоҳ Раҳматуллоева  модари хушбахт мебошад. Ӯ соҳиби 8 фарзанд-5 писару 3 духтар буда, онҳоро тарбия намуда, хонондааст ва фарзандонаш соҳиби маълумоти оливу миёнаи техникӣ мебошанд. Гирди бибии хушбахтро наберагон ҳалқа гирифта, ӯ гузаштаи худро дар симои онҳо мебинад.

Раҷабмоҳ ҳоло ҳам дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона   иштирок менамояд. Моҳи ноябри соли 2019 иштирокчиёни конфронси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистони ноҳия ӯро    раиси куҳансолони ҳаракати ваҳдати миллӣ   ва эҳёи Тоҷикистон интихоб   намуданд. 

Раҷабмоҳ машқи шеър низ менамояд. Дафтари  шеърҳояш аз меҳри Ватан - Модар, ободӣ, хушбахтӣ моломол мебошанд.

Таманнояшро дар оғози фасли баҳори нозанин чунин иброз доштааст: 

Ҳар куҷо мардест, хоҳам,

дили ӯ дарде набинад,

Дар баҳори зиндагиаш

бадани сарде набинад.

Пой монад дар рикобу кафши

ӯ гарде набинад.

Роҳи ӯ бошад кушода,

гиряааш фарде набинад.

 

З. Ҳусейнов,

ноҳияи Ёвон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода