Дар як сатр
» » Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

11-02-2015, 21:48

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?Ф. Мирзоноров, муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти «Оби Киик»-и ноҳияи Хуросон бо ҷурми гирифтани 550 доллари амрикоӣ пора боздошт шудааст.

Тавре аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аввалҳои моҳи феврал шаҳрванд Г. Гулова ба ниҳоди мазкур бо ариза муроҷиат намуда, аз он ки барои додани ду адад сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 550 доллари амрикоӣ талаб кардаанд, шикоят кардааст.

Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ Ф. Мирзоноров, муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти «Оби Киик»-и ноҳияи Хуросон, ки ваколати додани сертификати хуқуқи истифодаи заминро надорад, баъди гирифтани 550 доллари амрикоӣ аз шаҳрванд Гулова Г.М. дастгир карда шуд.

Нисбати ин ҳолат алайҳи Мирзоноров Ф.Қ. бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои «в, г»-и Кодекси ҷиноятӣ (яъне бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд) парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ ёфтааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти раиси ҷамоат

Боздошти раиси ҷамоат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Боздошти «генерал»-и мардумфиреб дар Бохтар

Боздошти «генерал»-и мардумфиреб дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА