Дар як сатр
» » «Ҳамқадам» - нашрияи нав барои ҷавонон

«Ҳамқадам» - нашрияи нав барои ҷавонон

5-02-2015, 10:26

«Ҳамқадам» - нашрияи нав барои ҷавонон
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа нашрияи наве бо унвони «Ҳамқадам» рӯйи чоп омад, ки бозтоби ҳаёти ҷавонони вилояти Хатлонро ҳадафи аслии худ қарор додааст.

Муҳаррири нашрияи мазкур Муҳаррам Қодирова буда, ҳамчунин хабарнигорони ҷавони вилоят Саидҷаъфар Сафаров, Сӯҳроби Рустам ва дигарон узви ҳайати таҳририяи он ҳастанд.

Дар шумораи якуми «Ҳамқадам», ки аз 8 саҳифа иборат аст, оид ба фаъолияти Маркази омӯзишии «Ҳамқадам», нишасти матбуотии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, ҳамчунин оид ба ҳаёту фаъолияти журналисти ҷавон Марҳабо Рамазонзода, муовини сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон, хабару мақолаҳо ба нашр расидааст.

Дар нашрия саҳифаи махсусе зери рубрикаи «Як гӯшаи диёр» низ мавҷуд аст, ки дар бораи мавзеъҳои таърихию тамошобоби шаҳру навоҳии Хатлонзамин маълумот медиҳад.

Муассиси нашрияи «Ҳамқадам» ташкилоти ҷамъиятие бо ҳамин ном буда, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон низ тасмим гирифтааст, ки барои фаъол гаштани он мусоидат кунад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Торнамои нашрияи

Торнамои нашрияи "Хатлон" дар интернет фаъол шуд

Расонаҳо дар бораи Хатлон