Дар як сатр
» » Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

31-01-2015, 15:32

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Имрӯз, 31 январ, дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Қӯрғонтеппа бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон бахшида ба Соли оила эълон шудани соли 2015 ҷамъомаде барпо гардид.

Дар ин маҳфил намояндагони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вазорати адлия дар вилоят, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, прокуратураи вилоят, суд, Раёсати ВКД дар вилоят, Раёсати тандурустӣ, рӯҳониён ва дигар масъулони идораҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Маърифат Зоирзода, мудири шуъбаи мазкур, зимни ифтитоҳи ин ҳамоиш бо овардани иқтибос аз Паёми имсолаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

- Мо аз зиёд гаштани сафи оилаҳои вайроншуда нигарон ҳастем ва бояд дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа, бо маслиҳату машварати ҳамдигар роҳи ҳалли ин мушкилотро дарёбем, - зикр намуд М. Зоирзода. – Танҳо дар соли гузашта дар вилоят 1894 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Маҳз ба хотири ҳифзи оилаҳо, пойдории онҳо ва ба камол расидани насли солим Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод карданд, ки соли 2015 «Соли оила» эълон карда шавад.

Иштирокчиёни дигари ҳамоиш ҳам андешаҳои худро оид ба мустаҳкам намудани муносибатҳои оилавӣ, пешгирӣ аз ҷудошавии ҷуфтҳо баён намуданд. Варқа Зайнидинов, ёвари прокурори вилояти Хатлон, дар шарҳи сабаби пошхӯрии оилаҳои ҷавон гуфт, ки дар сатҳи пас қарор доштани маърифати оиладорӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон боиси ҳамдигарро нафаҳмидан ва барпо удани низоъҳои хонаводагӣ мегардад.

- Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала Президенти кишвар бисёр ҳам дурусту бамавқеъ таъкид кард, ки бояд дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад, - афзуд В. Зайниддинов.

Зимни ҷамъомади мазкур масъулони шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят аз тасмими худ дар бораи баргузории озмуни нави «Оилаи беҳтарин ва намунавӣ» дар соли 2015 хабар доданд, ки дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлонзамин барпо хоҳад шуд.

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Давлатбеки КАРИМЗОД


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ
Соли 2015 - «Соли оила»

Соли 2015 - «Соли оила»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА