Дар як сатр
» » Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

26-01-2015, 07:39

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Аз 56 корхонаи саноатии шаҳри Қӯрғонтеппа соли гузашта 6 корхона ба коҳиши истеҳсолот роҳ додаанд, ки аз ин ҳисоб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 3 млн. 978,6 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Амирулло Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, зимни нишасти матбуотиаш, гуфт, ин корхонаҳо Ҷамъятҳои масъулияташон маҳдуди «Алӣ-1», «Мелихуҷа», «Орди Хатлон», «Майрамбибӣ», «Нилуфар-А», «Фирдавсӣ Мавлоно» ва «Шоҳрух-Д» мебошанд.

Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи Консепсияи рушди саноати Тоҷикистон» соли 2014 таъсиси 4 коргоҳ ба нақша гирифта шуда буд, аммо ин дурнамо 200 фоиз иҷро шуд, - зикр кард А. Асадулло. - Яъне 8 корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд гардид. Соли гузашта ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Коргоҳи дӯзандагӣ», «Маркази ҳунаромӯзӣ», «Сомон-2014», «Иқбол-13», «Сомон-пласт», «Бародарон-К», «Беназир», «Нуралӣ 0101» ба қайд гирифта шудаанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди пахта ва маводҳои доруворӣ машғул мебошанд.

Раиси шаҳр ҳамчунин иттилоъ дод, ки имсол дар назди ҶДММ «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» таъсиси 6 корхонаи хурд, яъне сехи коркарди чӯбу тахта, сехи истеҳсоли рӯйпӯшҳои тунукагӣ (шифер), сехи дӯзандагӣ, сехи бистарбарорӣ (матрас) ва дигар сехҳо бо таъсиси 350 ҷойи кории нав ба нақша гирифта шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ҳамадонӣ. Афзоиши тавлидоти саноатӣ

Ҳамадонӣ. Афзоиши тавлидоти саноатӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА