Дар як сатр
» » Хоинони миллатро намебахшем!

Хоинони миллатро намебахшем!

15-01-2018, 11:00

Хоинони миллатро намебахшем!

Аз бозе, ки Тоҷикистони азизи мо соҳиби истиқлолият шуд, 26 сол сипарӣ мешавад. Пӯшида нест, ки дар нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷику тоҷикистонӣ чӣ рӯзгори сангину вазнинро аз сар гузаронд. Агарчи хиради азалии тоҷикона ғолиб омад, агарчи сарвари оқилу дурандеши мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҷонбозиҳои бемисл, бахшиши гуноҳҳо, авф кардан халқи парешонгаштаро ба ҳам овард ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудиву миллатро аз нестӣ раҳонид, сулҳу ваҳдат ҳамчун неъмати бебаҳо насиби мо Тоҷикистониён шуд. Вале боз ҳам хоинони миллат, иддае аз иштирокчиёни бевоситаи майдонороиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта аз рафтору кирдорҳои ноҷавонмардонаи худ даст накашида, бо дасту дили сиёҳ солҳои зиёд нақшаи халалдор кардани сулҳи Тоҷикистонро ба сар доштанду ҳамеша бо амалҳои нангину характери террористӣ-эктремистидоштаашон вазъи ороми кишварро халалдор мекарданд. Бо хоҷагони беруна ҳамдастию ҳамкорӣ доштани роҳбарияти ҲНИТ, таҳти сарварии М. Кабирӣ, амалҳои ноҷавонмардонаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ки худ дар мақомоти бонуфузи кишвар адои вазифа мекард, бори дигар собит намуд, ки ҳанӯз ҳам ин хоинони миллат аз рафтору амалҳои ноҷавонмардонаи худ даст накашида, бар замми давлату сарват, зиндагии осуда доштанашон боз ҳам нақшаҳои таҳмилӣ кашида, мехоҳанд оромии миллату давлатро барҳам зананд. Чуноне аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода шуд, гурӯҳи сиёҳкорон боздошт шудаанд, ки даст ба куштори равшанфикрон, зиёиён, олимони мамлакат доштаанд. Аз суханронии худи онҳо бармеояд, ки бо сарпарастии роҳбарияти ҲНИТ ва дигар хоҷагони беруна пас аз майдонороӣ дар пойтахти мамлакат ба давлати Афғонистон раҳсипор гашта, муддате дар ин мамлакати ҷангзада ба омӯхтани асбобу таҷҳизоти ҷангӣ машқ варзида, сипас таҳти сарпарастии хоҷагони беруна ва роҳбарияти ҲНИТ, М.Кабирӣ ва полковник Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади гирифтани тайёрии пухтатар фиристонида мешаванд. Дар ин мамлакат низ хоинони миллат амалҳои террористӣ-экстремистиро аз худ мекунанд. Қисмате маҳорати тирандозӣ (киллер)-ии худро сайқал медиҳанду қисмати дигар тарзи тайёр кардани маводҳои таркандаро меомӯзанд. Худро бо амалҳои террористӣ мусаллаҳ намуда, хунсардона пайи иҷрои супоришу дастурҳои хоҷагони беруна мешаванд. Чандин амалҳои нангинро дар дохили мамлакат анҷом медиҳанд ва ҳар боре кирдорҳои ноҷавонмардонаю амалҳои ғайриинсонии онҳо, бо кӯмаки полковник Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва роҳбари ҲНИТ М.Кабирӣ рӯпӯш мемонад. Ҳатто то ҷое маълум гашт, барои ҳар як амали нопоки анҷомдодаашон аз тарафи М. Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода қадрдонӣ ҳам карда мешудаанд. Ин зархаридон барои куштани одамони бегуноҳ, олимон, сиёсатмадорон иҷрои амалҳои террористӣ, таркондани қисми низомии 201-ум ФР, барҳам додани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия, куштори шаҳрвандон, хизматчиёни Русия аз тарафи М. Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода маблағҳои калони пулӣ ҳамчун «луқмаи ҳалол» насибашон мешуд. «Бори каҷ ба манзил намерасад». Агарчи солҳо боз М. Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаву ҳаммаслаконашон бо сӯистифода аз мансабҳои ишғолӣ амалҳои нопоки худро дар дохилу хориҷи кишвар амалӣ мекарданд, оқибат сирру асрори хиёнаткоронаашон фош шуд. Яке роҳи гурезро пеша карда, дигарӣ кушта шуд ва то ҷое шоҳид ҳастем ҳаммаслакону зархаридони ин хоинони миллат имрӯз назди қонун ҷавоби амалҳои нангину ноҷавонмардонаи худро бозпас хоҳанд дод. Зеро ҳеҷ як ҷиноят рӯпӯш намемонад ва ҳеҷ як амали бад бе ҷазо намемонад.

Яке аз падидаҳои номатлуби давр, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ дониста мешавад. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки тариқи интернет иддае ҷавонони аз фарҳангу маърифат дурмондаи мо бо ашхоси хиёнатпеша ҳамкорӣ намуда, шомили гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ мешаванд. Ба хориҷи мамлакат сафар карда, ҷони худро зери хатар мегузоранд ва дар ҷангҳои характери террористидоштаи мамолики хориҷ ширкат варзида, гӯё ҷиҳод мекунанд. Аз бемаърифатӣ, кӯрсаводии худ бедарак мемонанд ва ҷони ҷавони худро аз даст медиҳанд. Боре намеандешанд, ки барои чӣ ва бо кӣ меҷанганд? Ҷавонони мо бояд чуноне Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ҳамеша саъй кунанд, ки илму донишҳои замонавиро аз худ намоянд, аз донишҳои сиёсӣ бархурдор бошанд, миллату давлати худро дӯст доранд, мардона рафтор намуда, фарзандони содиқи ин меҳани азиз бошанд. Ҳеҷ гоҳ фирефтаи макру ҳиллаҳои хоҷагони дохилу хориҷ нашаванду ҷони ҷавони худро қурбони ҷаҳолату хоинӣ насозанд. Ватан, миллат хоинонро намебахшад.

Мо- модарон, ҳамеша ҷонибдори сулҳем. Ҳар як нафаре, ки заррае нангу номуси ватандорӣ дорад, қатрае заҳри ҷанги шаҳрвандиро чашидааст, ранҷи ғарибиро кашидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷонибдорӣ аз чунин ашхоси аҳримансиришт намекунад. Ин хоинони миллату даврро намебахшад ва ҳамеша пуштибонӣ аз сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи роҳбарияти кишвар намуда, дар рушди босуботи мамлакат, амният, якпорчагии Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ мекунад.

 

Оймоҳ Ҳасанова,

Аълочии Фарҳанги Тоҷикистон

 



Шарҳи хонандагон +
generic viagra online generic viagra pills generic viagra available http://viagraonviagra.accountant/
26 январ 2018 01:01
generic viagra available generic for viagra viagra generic 100mg http://viagraonviagra.accountant/#tfolnvqxq
27 январ 2018 11:05
generic viagra 100mg viagra generic generic viagra online http://viagraonviagra.accountant/#hvedstkos
28 январ 2018 13:07
Не знаете где найти офис в москве? Вот ссылка!
-----


мини офис в москве
-----
Мы не хотели, но так получилось


в аренду
-----
Пишет мне тут в кооментах


http://aktivator.3dn.ru/
29 январ 2018 10:24
generic viagra 100mg viagra generic generic viagra online http://viagraonviagra.accountant/#nbnmgqovj
29 январ 2018 11:58
Текст написано Очень сильно

------


укладка природного камня цена за работу

------

Слов нет как красиво написано


слетела активация windows 10
31 январ 2018 21:51
personal loans <a href="http://personalloans.store">loans personal</a> credit personal loans personal loans
6 феврал 2018 01:54
small personal loans <a href="http://personalloans.store">cheap personal loans</a> small personal loans loan apr
9 феврал 2018 12:14
guest test post
bbcode
<a href="http://temresults2018.com/">html</a>
http://temresults2018.com/ simple
6 май 2018 02:20

Матолиби дигар:

Изҳороти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»

Изҳороти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш
Зӯри беҳуда миён шиканад...

Зӯри беҳуда миён шиканад...

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо