Дар як сатр
» » «Журналисте, ки манфиати ҷомеаро аз манфиати худ боло медонад, бешубҳа, соҳибэҳтиром аст»

«Журналисте, ки манфиати ҷомеаро аз манфиати худ боло медонад, бешубҳа, соҳибэҳтиром аст»

12-12-2017, 10:27

«Журналисте, ки манфиати ҷомеаро аз манфиати худ боло медонад, бешубҳа, соҳибэҳтиром аст»
Мусоҳиба бо Шералӣ Яҳёев, сармуҳаррири собиқи рӯзномаи «Хатлон» (1993-2004), Барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи ордени «Дӯстӣ», гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Муҳтарам Шералӣ Яҳёев, замони роҳбарии Шумо ба ҳайати эҷодии нашрияи вилоятии «Хатлон» ба марҳилаи душвори таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Матбуоти даврӣ, умуман, тамоми ВАО, вазъи ногувор дош-танд. Бигӯед, ки корро дар нашрияи «Хатлон» дар солҳои 90-ум аз чӣ шурӯъ кардед?

- 6 январи соли 1993 дар Иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи вилояти навтаъсиси Хатлон баробари қабули як қатор қарорҳо дар бораи таъсис додани рӯзномаи вилоятӣ бо номи «Хатлон» ҳамчун нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва комиҷроияи вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул карда шуд.
Баъди анҷоми иҷлосия барои иҷрои карорҳои қабулшуда масъалаҳои ташкилӣ дида баромада мешуданд. Дар он радиф интихоб ва ҷобаҷокунии кадрҳо масъалаи аз ҳама муҳим маҳсуб меёфт.

Дар ин айём, хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азнавбарқарорсозии харо-баҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 31 млрд рубл ҷудо намуд ва идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» аз он ҳисоб дар қатори садҳо муассисаҳои харобгашта ба рӯйхати иншоотҳои таъмирталаб ворид карда шуда, ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор рубл таъмири асосӣ гардид.

Зимистони соли 1993 хеле каҳратун омад. Ба кормандони рӯзнома лозим меомад, ки то анҷоми таъмир дар ҷойҳои шамолпаноҳи утоқҳои кории бе дару тиреза шишта кор кунанд.

- Мегуфтед, ки шумораи нахус-тини нашрияи навтаъсис кай ба дасти чоп расид ва дар чӣ вазъият ба мардум расонда шуд?

Бо вуҷуди мушкилоти зиёд муваффақ шудем, ки рӯзи 5 феврали соли 1993 шумораи нахустини нашрияро бо теъдоди 5 ҳазор нусха бо андозаи А 2, ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ, дар матбааи шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби коғазҳои захирамонда аз чоп барорем.

Акнун мушкилоти дигар ба мардуми вилоят расондани шумораи нахустини нашрия буд. Дар он рӯзҳо почта фалач шуда, фаъолият намекард. Нақлиёти хизматрасон умуман вуҷуд надошт. Сипас, бо пешниҳоди банда ва дастгирии муовини соҳавии раиси Комиҷроияи вилоят Латофат Насриддинова шумораи аҳолии ҳар як шаҳру ноҳияро ба назар гирифта, нашрияро бо теъдоди муайян тақсимот карда, бастаҳоро ба воситаи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки он рӯз ба маҷлиси васеи ҳукумат омада буданд, ройгон ба маҳалҳо фиристодем.

- Дар он рӯзҳои пуртаҳлука, ки ҷои суханро силоҳ гирифта буд, нашрияҳо чӣ ҳол доштанд ва ба мардум чӣ хизмате мекарданд?

- Он рӯзҳои мудҳишро Худо дигар ба сари миллати тоҷик наорад. Ҷанги шаҳрвандӣ барои журналистон ҳам оқибатҳои маргбори зиёде овард. Беҳтарин эҷодкорони вилоят қурбони дасисабозиҳо гардиданд.

Ҳамин тавр, ибтидои солҳои 90-ум нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо баъди андак фаъолияти пурсамар ба нокомиҳо рӯ ба рӯ омаданд. Дар ҳама ҷо захираҳои коғаз адо шуда, базаи полиграфӣ тамоман суст гардид, барои чопи нашрияҳо маблағ намерасид. Маоши кормандони нашрияҳо ночиз буд. Эҷодкорон ҳаваси кор кардан надоштанд. Нашрияҳо ба моҳнома ва гоҳнома табдил ёфтанд. Фазои иттилоотиро дар бисёр мавридҳо телевизиону радио пурра мекарданд. «Хатлон»-ро баъзан дар матбааи Қӯрғонтеппа бароварда наметавонистем, маҷбур мешудем, ки ба матбааҳои шаҳру ноҳияҳо кор-афтода шавем. Бисёр шумораҳои «Хатлон» дар матбааҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Колхозобод, Қумсангир, Вахш аз чоп бароварда шуданд.
Ибтидои солҳои 2000-ум шароити молиявии нашрия боз беҳтар шуд ва нашрияро пурра ба чопи офсетӣ гузаронида, онро дар нашриётҳои бонуфузи шаҳри Душанбе гоҳ ранга ва гоҳ одӣ мунтазам аз чоп мебаровардем.

- Бархе рӯзноманигороне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Вахш фаъолият мекарданд, мегӯянд, ки кори эҷод, инъикоси объективонаи воқеаву рӯйдодҳо чандон саҳлу осон набуд…

- Комилан дуруст гуфтаанд. Он рӯзҳои мудҳиш ҳама дар ғами ҷони худ буд. Сухани ҳақро гуфта намешуд. Ҷойи сухани пандомезро тиру туфанг гирифта буд. Моҳи августи соли 1992 даври дуюми Созишномаи Хоруғ дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гашта, иштирокдорони он бо мақсади саҳм гирифтан ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ба нуқтаҳои доғи минтақаи Қӯрғонтеппа – ноҳияҳои Вахш, Коммунистӣ (Бохтар), Колхозобод (Ҷ.Балхӣ), вобаста карда шуданд. Гурӯҳи мо дар ҳайати раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Қурбон Мирзоалиев, прокурори вилоят Шукрулло Ҳабибов, раиси Суди вилоят Ҳомуддин Шарифов, муовини сардори Раёсати амнияти миллии вилоят Саидамир Зуҳуров, ноиби ректори донишгоҳи Кӯлоб Саидхӯҷа Азизов, командири саҳроӣ Сангак Сафаров ва банда роҳбари Маркази матбуоти Комиҷроияи вилояти Кӯлоб ба нуқтаи вазнинтарини водӣ - ноҳияи Вахш омада, тайи ду ҳафта бо мардуми азияткашида ҳамрозу мададгор шудем. Дар он ҷо бо журналистон Боймурод Сайдалиев ва Искандар Турсунмуродов вохӯрдем, ки онҳо дар сафи пеши муборизон барои ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ қарор доштанд. Ба вазъияти мураккаб нигоҳ накарда, онҳо аз радиостансияи Гулистон пайваста баромад мекарданд ва мардуми дар тарсу ҳарос афтодаро дилбардорӣ намуда, нисбати киҳо ҳаққу киҳо ноҳақ буданро ҳушдор медоданд. Чунин ҳушдорсозиҳо аз ҷониби аксари журналистон ва воситаҳои ахбори оммаи ҳам минтақаи Кӯлоб ва ҳам минтақаи Қӯрғонтеппа, алалхусус телевизиони Кӯлоб ва нашрияи Ҷабҳаи халқӣ - «Ҳақиқати Хатлон» ба мушоҳида мерасид.

- Шумо тӯли чанд сол роҳбарии созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба уҳда доштед. Бигӯед, ки ин созмон оё дар ҳимояи ҳуқуқи журналистони маҳал, рушди касбии онҳо то куҷо мусоидат мекард? Дар шароити маҳал, ки журналистика дучори мушкилоти зиёди касбию эҷодӣ, молиявӣ ва амниятӣ буд, ин иттифоқ чӣ рисолат дошт?

- 5 майи соли 1993 раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҳаёт Давлатов ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф оварда, дар бинои матбаа бо журналистони парокандашудаи вилоят вохӯрӣ намуд ва Раёсати Созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро дар вилояти нав-таъсиси Хатлон аз нав созмон дода, бандаро ба раисии ин Созмон пазируфтанд. Вазъияти Созмон он рӯзҳо хеле мураккаб буд. Журналистони зиёде дар муноқишаҳои шаҳрвандӣ куштаю бе ному нишон гашта буданд. Қисми дигар ба кишварҳои дур - Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон ва ғайраҳо фирор карда буданд. Лозим меомад, ки сафи аъзои ИЖТ-ро аз ҳисоби эҷодкорони ҷавону болаёқат пурра созем. Бо назардошти обрӯю эътибори журналистон барои аъзо шудан ба ин созмон хоҳишмандон хеле зиёд буданд. Аз ин лиҳоз талаботро нисбати қабули аъзоёни нав пурзӯр намудем. Дар навбати аввал аҳли эҷоди нашрияҳо, радио ва телевизион, мақомотҳои давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва олимони донишгоҳҳо ба аъзогӣ қабул гардида, дар назди ҳамаи муассисаҳои эҷодӣ - нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, телевизион ва радио, Донишгоҳҳои давлатии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ташкилотҳои ибтидоии ИЖТ созмон дода шуд. Баъдан Раёсати Созмони ИЖТ бо мақсади тарбияи кадрҳои эҷодкор масъалагузорӣ кард, ки дар назди факултаи филологияи Донишгоҳҳои давлатии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб шуъбаҳои журналистика кушода шавад ва ин масъала дастгирӣ ёфт ва инак чандин сол аст, ки фаъолият доранд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон соли 1994 барои пешниҳод ба Ҷоизаи Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолияти журналистони ҷумҳуриро ҷиҳати инъикоси масъалаҳои актуалии замони ҷанги шаҳрвандӣ мавриди омӯзиш қарор дода, аз вилояти Хатлон 3 нафар журналистон - Шералӣ Яҳёев, Боймурод Сайдалиев ва Амиршоҳ Раҳимовро ба ин ҷоиза сазовор донист.

- Журналистони собиқадор вақте дар мавриди потенсиали журналистони ҷавон суҳбат мекунанд, гоҳе аз дараҷаи забондонӣ, маҳорати касбӣ, риоя нашудани принсипҳо ва стандартҳои рӯзноманигорӣ аз ҷониби онон интиқод мекунанд. Чунин иддаоҳо низ баъзан ба гӯш мерасанд, ки эҷодкорони имрӯзӣ чандон пойбанди арзишҳои бисёрсолаи журналистикаи тоҷик нестанд ва аз мактабҳои эътирофшудаи журналистони солманду собиқадор ба хубӣ пайравӣ намекунанд. Баҳои Шумо ба чунин масъалагузориҳо чист?

- Ин иддаоҳо то андозае дурустанд. Мактаби эҷодии журналистони насли калонсол бояд ҳамеша ҷиҳати омӯзиши ҷавонони эҷодкор қарор дошта бошад. Вале ҷиҳатҳои дигарро низ бояд ба ҳисоб гирифт, ки вобаста ба давру замон, тақозои ҳаёт ва рушди техникаю технологияи иттилоотӣ тарзу усули кор дар ҳамаи соҳаҳо тағйир меёбад ва пеш меравад. Аз ин рӯ, фаъолияти журналистонро низ наметавон дар як қолаби муайян нигоҳ дошт. Журналистони солманду собиқадор дар замоне кору эҷод кардаанд, ки шароити кору зиндагии давраи онҳо тамоман дигар буд ва ба куллӣ фарқ мекард ва набояд онҳо аз фаъолияти имрӯзаи ҷавонон изҳори таассуф намоянд.

- Устод, вазъи журналистикаи маҳалро имрӯз чи гуна арзишдоварӣ мекунед? Ба андешаи Шумо, расонаҳои маҳаллӣ рӯёрӯйи кадом мушкилот қарор доранд ва рисолаташон аз чӣ иборат аст?

- Вобаста ба ин савол ёдовар мешавам, ки боре ҳангоми дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» кор карданам бо муовини директори КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», раиси Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон Умари Шерхон атрофи мақому манзалати нашрияҳои хусусӣ ва маҳаллӣ дар шароити имрӯза суҳбате доштам. ӯ бо таассуфи хеле зиёд изҳори ақида кард, ки нашрияҳо вақтҳои охир маводҳои ҷолиби диққат кам ба табъ мерасонанд. Аксари маводҳо қолабӣ ва интернетианд, мазмун яку шакл дигар аст. Барои ҳамин хонанда нашрияҳоро бо умед ба даст мегираду бо таассуф мегузорад. Маводи мехостагиашро аз саҳифаҳои нашрияҳо дарёфт карда наметавонад. Журналистон бояд ҳама вақт талаботи хонандаро дар мадди аввал гузоранд.

Журналистони маҳал бидуни баъзе камбудию норасоиҳои ҷойдошта обрӯ ва эътибори худро то андозае нигоҳ дошта тавонис-таанд. Лекин набояд фаромӯш кард, ки эҳтироми ҳар шахс ва ҳар касбу кор ба худи онҳо вобаста аст. Ҷое, ки журналист ё расонаҳо манфиати ҷомеаро аз манфиати худ боло медонанд, бе ягон шакку шубҳа соҳибэҳтироманд. Таърих гувоҳ аст, ки журналис-тон аз рӯзҳои аввали мавҷудияти расонаҳои хабарӣ дар сафи пеши муборизони ҳаёти нав, муборизони афкори нав, муборизони ҷорӣ намудани ҳамагуна навовариҳои ҳаёти ҷомеа буданду ҳастанд.

Журналистӣ ин касби ҳамабоба аст. Пеш аз он ки журналист бо кадом шахсу бо кадом ихтисосманд ҳамсуҳбат мешавад, бояд омодагии ҳамаҷониба дошта бошад, то ки ҳамсуҳбаташ ҳис кунад, ки ӯ бо одами одӣ не, балки бо журналист, бо намояндаи воситаи ахбори омма ҳамсуҳбат аст ва суҳбати ӯ, суханони ӯ, ба садҳо ва ҳазорҳо одамон рафта мерасад.

Суҳбаторо
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +
personal loans <a href="http://personalloans.store">personal loans unsecured</a> personal loans small personal loans
6 феврал 2018 04:21
This website is mostly a walk-via for all the info you wished about this and didn’t know who to ask. Glimpse right here, and also you’ll definitely uncover it. http://hellowh983mm.com
7 феврал 2018 20:11
loans no credit check instant approval <a href="http://personalloans.store">personal loans</a> instant payday personal loans no credit
9 феврал 2018 17:59

Матолиби дигар:

Вакилони Иҷлосияи 16-ум меҳмони маҳфили «Рўзноманигорони ҷавон» шуданд

Вакилони Иҷлосияи 16-ум меҳмони маҳфили «Рўзноманигорони ҷавон» шуданд

Хабарҳо
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ