Дар як сатр
» » Ёвон: Бунёди боз як сехи коркарди меваю сабзавот

Ёвон: Бунёди боз як сехи коркарди меваю сабзавот

12-12-2017, 10:03

Ёвон: Бунёди боз як сехи коркарди меваю сабзавот

Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умедҷон, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур, роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» Кирк Рамер ва дигар шахсони масъул сехи коркарди меваю сабзавот ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббускори лоиҳа кооперативи тиҷоратии «Мирзои Нури Арбоб» мебошад, ки бо дастгирии сармоягузории USAID амалӣ шуд. Самти асосии фаъолияти кооператив боғдорӣ аст. Масоҳати умумии кооператив 1,625 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 72 гектар ба боғҳои дарахтони мевадиҳанда, аз қабили зардолу, себ, нок, олу, дӯлона ва ғайра рост меояд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умедҷон ташрифи меҳмононро ба ноҳияи Ёвон шодбош намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз дас-туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гузаштан аз давлати аграрӣ ба давлати индустриал-аграрӣ мебошад. Имрӯз дар иҷрои ҳамин ҳадаф бо дастгирии сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейни ноҳия як корхонаи коркарди меваҷот ба истифода дода шуд.
Тавре зикр гардид, сохтмони сех дар моҳи августи соли 2016 оғоз ёфта, дар моҳи июли соли 2017 ба поён расидааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои ҷалбшуда 1 миллиону 26 ҳазору 455 сомонӣ мебошад, ки саҳми кооператив 67,06% ва Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» 33,94%-ро ташкил медиҳад.

Коргоҳи мазкур бо мақсади талаф наёфтани меваю сабзавот дар ноҳия бунёд гардидааст. Ҳамчунин, қадами навбатӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, иброз намуд раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур.

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ сехро бо таҷҳизотҳои консервакунии меваю сабзавот муҷаҳҳаз гардонид, ки аз 16 номгӯи таҷҳизот иборат аст. Корхонаи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1000 банкаро коркард намояд.

- Барои рушди соҳаи хоҷагидорӣ ва кишоварзӣ барномаи мазкур дар якҷоягӣ бо 20 соҳибкор дар вилояти Хатлон якчанд корхонаро ташкил намуда истодааст, - зикр намуд Кевин Коверт, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Ҳамчунин, сехҳоро имрӯз ифтитоҳ намудем, ки он барои коркарди мева ва сабзавот нигаронида шудааст.

Бо ифтитоҳи сехи консервакунии меваю сабзавот 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 6 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар мавсими ҷамъоварии меваю сабзавот зиёда аз 32 коргари мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Аз хизматрасонии маҳсулоти сех беш аз 900 хоҷагии деҳқонӣ, зиёда аз 20 харидорони яклухт ва беш аз 150 фурӯшандагони чакана метавонанд истифода баранд.

- Дар давоми ду соли охир барнома дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон амалӣ гашта истодааст, ки бо 12 ноҳия ҳамкории зич дорем, -гуфт зимни баромад Кирк Рамер, роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда». - Ноҳияи Ёвон баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар амалӣ гардидани барнома ҳамкории зич намуда, соли гузашта дар ноҳия ташкили корхонаҳои коркарди хӯроки чорво, маркази бордоркунии чорвои ширдеҳ ва ниҳолхонаи дарахтони мевагию чормағз аз тарафи барнома дастгирӣ шуда буданд.

Ҳамчунин, баъди ифтитоҳи сехи консерва аз қитъаи намоишии ниҳолистон оид ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, ки дар майдони 0,5 гектар бунёд шудааст, дидан намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки яке аз мақсадҳои Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини афзоиш ва рушди ҷобаҷогузории баъд аз ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории меваҷоту сабзавот, инчунин истеҳсоли хӯроки чорво мебошад. Бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва деҳқонон дар ин самт Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ лоиҳаҳои сармоягузориро тадбиқ намуда, онҳоро бо таҷҳизот ва агрегатҳо муҷаҳҳаз гардонид. Яке аз чунин лоиҳаҳо сехи консервакунии меваю сабзавот дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мебошад.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Хабарҳо
Чӣ тавр нархи зардолуро то 50 карат афзоиш додан мумкин аст?

Чӣ тавр нархи зардолуро то 50 карат афзоиш додан мумкин аст?

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3

Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ