Дар як сатр
» » Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

2-08-2017, 09:22

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Тибқи маълумоти шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар соли 2017 кишоварзони ноҳия дар майдони 12 ҳазору 799 гектар кишт гузаронидаанд.

Бино ба иттилои Ёрмад Зарипов сардори шуъбаи кишоварзӣ, имсол дар ноҳия дар майдони 9842 гектар гандум, 650 гектар лӯбиёгиҳо, 200 гектар зағир, 85 гектар картошка ва 21 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

- Дар ноҳия наздики 1800 гектар ғалла дарав карда шудааст, - гуфт сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Ёрмад Зарипов. - Дар ҳамин давра кишоварзон аз ҳар як гектар замин 20-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд. Инчунин, дар баъзе ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҷамъоварии картошка оғоз гардидааст. Имсол нисбати солҳои гузашта ҳосил кам шуда, кишоварзон аз ҳар гектар замин 170-сентнерӣ картошка рӯёнида истодаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳудуди ноҳия 2476 гектар богу токзор мавҷуд аст. Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 100 гектар боғи нав бунёд ва 15 гектар боғҳои куҳнаро барқарор намуданд.

- Тибқи нақша, имсол бояд 800 тонна меваю ғалладона ба хориҷи кишвар содирот карда шавад, - иброз дошт Ёрмад Зарипов. То имрӯз 200 тонна ба кишварҳои Россия ва Афғонистон содирот намудем.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боғҳо зиёд мешаванд, аммо...

Боғҳо зиёд мешаванд, аммо...

Хабарҳо