Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кӯлоб. Тафаҷҷуҳ ба роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта


Кӯлоб. Тафаҷҷуҳ ба роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта



Дар шаҳри Кӯлоб масофаи умумии роҳҳои автомобилгард беш аз 223 км, аз ҷумла 18 км роҳи байналмиллалӣ 26,1км роҳи аҳмияти ҷумҳуриявӣ ва қариб 180 км роҳи аҳамияти маҳаллидошта ташкил медиҳад.

Бахшида ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати зиёди роҳҳои ҳудуди шаҳр пурра азнавсозӣ карда шуд, - гуфт зимни суҳбат Далер Шарипов, мудири бахши матбуотии шаҳри Кӯлоб. -Ҳамзамоноид ба таҳкими вазъи инфрасохтори деҳот барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллаи навбунёди ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ азнавсозии роҳи маҳаллӣ оғоз гардид, ки корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд. - афзуд ӯ.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин маҳаллаи навбунёд айни замон сокинон бо мушкилоти роҳ ва норасоии об рӯ ба рӯ буданд. Баъди сохтани роҳ мушкилии сокинони ин маҳалла бартараф карда мешавад. Тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ гаштани барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр бояд марҳила ба марҳила дар чунин маҳаллаҳои навбунёд инфрасохтори лозима таъмин ва ҳар як гӯшаи шаҳр ободу зебо карда мешавад.


Ф. Давлат, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода