Дар як сатр
» » Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

14-04-2016, 15:10


Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

Бояд тазаккур дод, ки ҷомеа организми том ва доимо дар ҳолати рушд буда, механизмҳои таъминкунандаи фаъолияти он мунтазам баҳри фаъолияти самараноки худ дар доираи қонуниятҳои муайяни иҷтимоӣ талаботҳои навро ба пеш мегузоранд.

Иҷрои ин талаботҳо қодиранд мавҷудияти ҷомеаро тақвият бахшида, ба рушди муносибатҳо ва равандҳои иҷтимоии он нерӯи тоза бахшанд. Илм собит намудааст, ки аз ҳама масъалаи муҳим дар таъмини мувозинати қонуниятҳои рушди давлат ва ҷомеа маҳз ба инобат гирифтани тағйирпазирии қисматҳоест, ки ба иҷрои вазифаи экстраксионии низоми сиёсӣ мусоидат намояд. Аз ин нуқтаи назар, низоми сиёсӣ доимо дорои захираҳои дохилӣ баҳри рушди минбаъда мебошад, вале масъалаи асосӣ ин истифодаи дурусти онҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд яке аз василаҳои зарурӣ ин истифодаи самараноки захираҳои инсонист.

Раванди бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ бо дарназардошти муҳимияти марҳилаҳо ва иҷрои ҳадафу мақсадҳои гузошташуда аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии кишвар, Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷараёни минбаъдаи таъмини рушди босубот, таҳкими пояҳои демократикунонии ҷомеа, такмили идоракунии самараноки давлатӣ ва низоми мавҷудаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар кишвар зарурияти андешидани чораҳои муҳими таъминкунандаи рушди қадамҳои минбаъдаро пеш овардааст.

Дар низоми мавҷудаи муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ нақш ва мақоми кишрҳои гуногуни иҷтимоӣ мавқеи махсус дошта, ҳар яки онҳо дар маҷмуъ таҷассумкунанда ва пешбарандаи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин нуқтаи назар, омӯзиши имкониятҳои зеҳнию ҷисмонӣ ва дастгирии онҳо аз лиҳози таъмини ҳамгироии мусоиди иҷтимоии ҷомеа басо муҳим арзёбӣ мегардад. Омӯзиши қонуниятҳо ва равандҳои рушди муносибатҳои иҷтимоӣ бори дигар аз он дарак медиҳанд, ки ҷузъҳои мустаҳками занҷири иҷтимоиро дар ҷомеа маҳз қишрҳои иҷтимоӣ ташкил дода, хусусиятҳои синусолӣ, ҷинсӣ, фарҳангӣ ва ақидавию мавкуравӣ ба сифати умумиятҳое баромад карда метавонанд, ки ба таъмини ягонагӣ ва фаъолнокии онҳо мусоидат намоянд. Дар ҷомеаи мо ҷавонон маҳз ҳамон қишри иҷтимоие мебошанд, ки нерӯ ва имкониятҳои васеи фаъолияти мақсаднокро соҳибанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи ояндасоз назар дошта, пайваста таъкид менамоянд, ки «мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Ин суханони Пешвои миллат дар маҷмуъ имрӯз ифодакунандаи он сиёсатест, ки қадам ба қадам баҳри тақвият бахшидан ва фаъолу самаранок истифода бурдани нерӯи ҷавонон баҳри ободкорию созандагӣ равона карда шудааст.

Шинохти чеҳраи ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ имконият медиҳад, то дар симои ӯ як нафар ояндасозеро бинем, ки масъулияти ватандориро ба дӯш гирифта, муваззаф на танҳо барои шукуфоии имрӯз, балки баҳри ояндаи дурахшони фардо низ мебошад. Ин ҳама тақозо менамояд, ки мо насли калонсол роҳнамои содиқу беозори онҳо бошем. Зеро баъзан мешавад, ки бо эродҳои боасосу беасоси худ, руҳияи онҳои коста гардонида, эҳсоси нобовариро дар вуҷудашон ҷой мекунем.

Мо бояд дарк намоем, ки ҷавони асри ХХ1 аз ҷавони қарни пешин ба кулли фарқ дошта, дар замоне зиндагӣ мекунад, ки дастрасиҳо ба захираҳои иттилоотӣ бештаранд. Ин ҳама таъсири худро ба ҷаҳонбинӣ ва мафкураю зеҳнияти онҳо мерасонанд. Табиати инсон чунин аст, ки чун ба шахс бовар мекунанд, нерӯ ва талоши ӯ баҳри пешравӣ ва ба даст овардани дастовардҳои наву фатҳи қуллаҳои нав баланд мешавад. Ҳар яки мо эҳсос менамоем, ки маҳз ҳамин нуқта дар дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат аз ташаббусҳои ҷавонон дарак медиҳад. Дар робита ба ин, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои баррасӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шудаанд, бори дигар тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Тағйироти ба моддаҳои 49 ва 65 пешниҳодшаванда, маҳз ҳамон меъёрҳое мебошанд, ки метавонанд баҳри фаъолияти самаранок ва баланд бардоштани шавқу нерӯи ҷавонон такони ҷиддӣ гарданд.

Ҷумлаи сеюми қисми якуми моддаи 49 дар таҳрири нав пешниҳод шуда, муқаррар мекунад, ки «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Маълум мешавад, ки меъёри амалкунандаи Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон синни 25 соларо пешбинӣ намудааст. Агар аз диди ҳуқуқӣ ба масъала назар афканем, пас мебинем, ки тавофут ва маҳдудиятҳои синнусолӣ, ки айни ҳол амал мекунанд, то як дараҷа хусусияти маҳдудкунанда низ доштанд. Аз он ҷумла, муайян намудани синну соли пешбарӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, ки яке 25 ва дигаре 35 муқаррар шуда буданд, дар амалия паҳлуҳои ихтилофнок низ доштанд. Зеро, агар аз диди касбият ва фаъолияти доимоамалкунандагӣ назар афканем, пас мебинем, ки вакили Маҷлиси намояндагон бояд шахси таҷрибадор бошад. Зеро фаъолияти қонунгузорӣ дар баробари доштани донишу маърифати баланд, аз шахс таҷрибаи хуби кориро низ тақозо менамояд. Бинобар ин, панҷ сол боло бурдани синну сол ҳангоми пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон имконият медиҳад, ки шахси интихобшаванда дар пешбурди фаъолияти қонунгузорию намояндагӣ самаранок фаъолият намояд.

Дар баробари ин, паст кардани синну соли пешбарӣ ба узви Маҷлиси миллӣ имконият медиҳад, ки маҳдудиятҳои мавҷудаи синнусолӣ ҳангоми интихоби вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ аз байн бардошта шуда, имконият баҳри фаъолият дар палатаи болоии Парлумон барои ҷавонон фароҳам оварда шавад. Ин амал имконият медиҳад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ дар самти аз байн бурдани тафовут дар масъалаи пешбарӣ ба мақоми қонунгузор, ҳам Маҷлиси миллӣ ва ҳам Маҷлиси намояндагон мусоидат намуда, баҳри дастгирӣ ва рушди нерӯи зеҳнии онҳо тақвияти тоза бахшад. Зеро Парлумон мактаби бузурги тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда буда, дониши омӯхтаи он баҳри истифода дар тамоми соҳаҳо муфиду муҳим мебошад.

Масъалаи дигаре, ки чӣ аз нигоҳи сиёсӣ ва чӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ аҳамияти калон дорад, ин паст кардани синну соли пешбарӣ ва интихоб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз даҳ соли охир истиқомат дошта бошад». Муқаррароти меъёри пешниҳодшуда як қатор ҷанбаҳои муҳим дорад. Аз он ҷумла, масъулияти ҷавононро баҳри ворисият аз миллату давлати худ баланд бардошта, баҳри такомули шахсии онҳо такони ҷиддӣ хоҳад гашт. Дар баробари ин, боварии насли ҷавонро ба нерӯи созандаи худ, баҳри худсозӣ ва ташаккули шахсияти худ устувор гардонида, баҳри пешрафти минбаъда онҳоро ҳавасманд мегардонад.

Лозим ба ёдоварист, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи аз байн бурдани тафовутҳои синнусолӣ вобаста ба пешбарӣ ва таъин ба вазифаҳои муҳим ва масъули давлатӣ ва муқаррар намудани синни 30 солагӣ барои ҳамаи онҳо дар се шохаи ҳокимият қадами боэътимод баҳри ҷавонгардонии саривақтии кадрҳо низ маҳсуб меёбад.

Рушди ҷомеа ба нерӯи зеҳнии ҷавонон таъсири амиқи худро расонидааст. Дастовардҳои ҷавонон дар соҳаи илму техника ва идоракунӣ имконият медиҳанд, то бовар намоем, ки ҷавонон метавонанд зимоми мансабҳои муҳими давлатиро ба уҳда дошта бошанд. Дар баробари ин таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ омили муҳими такондиҳанда баҳри таъмини рушди неруи ҷавонон ба ҳисоб меравад. Барои чӣ мо имконият надиҳем, ки ҷавони мо устуворона ва бо боварӣ номзадии худро ба вакилии Парлумон ва ё мансаби Президентӣ пешниҳод намояд? Барои чӣ бовариро ба худ дар онҳо тарбия нанамоем? Мутаасифона, имрӯз дида истодаем, ки аз ин нерӯ қувваҳои ифротию манфиатхоҳ васеъ истифода бурда истодаанд. Вақти он расидааст, ки дар баробари роҳнамоӣ , инчунин имкониятҳо низ баҳри пешрафти иҷтимоии ҷавонон, таъмини болоравии онҳо дар зинаҳои иҷтимоӣ фароҳам оварда шаванд. Бинобар ҳамин ҳам, яке аз василаҳои муҳим ин такмили меъёрҳои конститутсионӣ ба шумор меравад.

Махфират ХИДИРЗОДА,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Хабарҳо
Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Хабарҳо, Маориф ва илм
Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Сиёсат, Хабарҳо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният